МАРГИ ТИФЛИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ СЕЧАРХАИ МОДАРАШ ДАР ИСТАРАВШАН
ВКД Тоҷикистон дар бораи як ҳолати аз беэҳтиётии модари ҷавон ҷон бохтани як кӯдаки сесола дар шаҳри Истаравшан хабар дод.
Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондан дастгир карда шуд.
Худи ин зан ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ВКД, “гумонбаршаванда, шаби 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа воситаи механикии сечархаи тамғаи «Fupenq»-ро дар шафати манзили истиқоматиаш идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи механикӣ набаромадааст ва маҳз аз рӯи муносибати бепарвоёна бо қисмати паси воситаи механикӣ фарзанди хурдсоли 3-солаашро пахш намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Ҷавонзан бо мақсади пинҳон доштани ҳодиса фарзанди хурдсолашро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок қарор дода, ба ӯ ёрӣ нарасонида, ҳаёташро дар хатар мононда, ба беморхона дастрас накардааст. Дар натиҷа, фарзанди хурдсолаш аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст”.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми 1 моддаи 108 ва қисми 2 моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи боз ду садамаи марговари дигар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод.
Аз ҷумла 22-юми августи соли 2024, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота Виш”, Сафаров Ҷонибегҷон Имомназарович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Маяковский аз тарафи кӯчаи Шестопавлов ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №93/2-и кӯчаи Маяковский пиёдагарди шахсияташ номаълум марди тахминан 70-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда шуд, вале дар беморхона ба ҳалокат расид. Муайян карда шуд, ки ин ҷасади Мамадаминов Мамараим, соли таваллудаш 1946, сокини шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳамчунин 23-юми августи соли 2024, тахминан соатҳои 13:00, ронандаи мошини тамғи “ВМВ”, Алимов Зуҳриддин Насимхонович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба мошини барқии (электромобил) тамғаи “GAC-AION”, ронандааш Аҳмадов Ҳотам Шарифович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қатори дуюм ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мошини барқӣ ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шуда, як мусофири дохили он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари ин мошин бо ҷароҳати ҷисмонӣ ар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Муттаасифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо ноболиғонанд.