Хабарҳои кӯтоҳ

ҶАНҶОЛИ ЗАНУ МАРДИ ҲАМСОЯ АЗ ПУШТИ КӮДАКОНАШОН ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 августи соли 2024 дар бораи дар пайи дар Интернет роҳ ёфтани видеои ҷанҷоли ду зану марди ҳамсоя бо иттиҳоми майдаавбошӣ боздошт шудани ҳарду иштирокчии ин муноқиша хабар дод.

Маркази матбуоти милитсия и пойтахти Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт, навори муноқишаи ҳамсоягон, ки санаи 25-уми августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони милитсия мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Давлатзода Маҳмадюнус соли таваллудаш 1993 ва Ғуломова Шаҳло, соли таваллудаш 1984, сокинони кӯчаи И.Ваҳҳобҷони пойтахт ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Худи ин ду ҳамсоя ё наздикони онҳо барои шарҳи мустақими ҳодиса дастрас нестанд, вале милитсия мегӯяд, “дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин ду ҳамсоя аз сабаби нофаҳмии байни кӯдакон, ки зимни бозӣ дар назди бинои истиқоматӣ ба миён омадааст, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ваё ҳабси маъмуриро  ба муддати аз як то 15 шабонарӯз пешбинӣ мекунад

Дар Тоҷикистон мавридҳои ҷанҷоли ҳамсояҳо ва гоҳо ба ин ҷанҷол ҳамроҳ шудани мардон хеле зиёд аст, вале дар аксари ҳолатҳо ин қазияҳо то ба милитсияву додгоҳ кашонда намешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button