ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ РОҲЗАН ДАСТУ ПОВУ ДАҲОНИ СОКИНИ ҲИСОРРО БО СКОТЧ БАСТА, БА ҶИПИ “ПРАДО” БОРАШ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 августи соли 2024

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи  марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо мақсади тамаъҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ӯро бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди корд дастгир намуда, дастону пойҳо ва даҳонашро бо скоч баста, ӯро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тойота-Прадо” маҷбуран шинонида, ба ҷойи беодам бурда тахминан то соати 20:00 лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 80 сомониро тасарруф намуда, бо таҳдиди куштан аз ӯ талаб кардаанд, ки ба онҳо 50 ҳазор сомонӣ диҳад. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ёвон содир намудаанд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Содир гардидани ҳодисаи роҳзанӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми августи соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, як шахси ба ӯ ношинос бо корд ӯро таҳдид намуда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-32” ва 3 ҳазору 600 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button