Хабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР ХУҶАНДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР ИСФАРА, ДУЗДИИ 25 ҲАЗОРУ ТАСАРРУФИ 57 ҲАЗОРИ “ТАҶЭРО” ВА САДАМА ДАР ДЕВАШТИЧ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 августи соли 2024

Дастгир гардидани марди 62-сола барои авбошӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда шаби 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар назди ошхонаи «Рустамҷон», воқеъ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бе ягон сабаб дашномҳои қабеҳ гуфта, бо мақсади расонидани зарари ҷисмонӣ зарфи шишагии нӯшокии спиртиро шикаста, онро ба сифати силоҳ истифода бурда, як маротиба ба тарафи чапи рӯй, якчанд маротиба ба тарафи чапи гардан ва банди дасти ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошти марди қаблан судшуда бо ҷурми ғоратгарӣ

Бозори марказии Исфара

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Исфара, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар бозори марказии шаҳри Исфара қарор доштанаш бо роҳи ошкоро аз ҷайби марди 68-солаи сокини шаҳри мазкур ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии 25 ҳазор сомонӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 04:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шуда, аз онҷо 25 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, намояндаи тиҷоратии бахши яклухт дар ҶДММ “Таджеро” бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
20-уми августи соли 2024, зимни санҷиши аудиторӣ ошкор гардид, ки гумонбаршаванда маблағҳои маҳсулоти корхонаро аз мағозаҳои хӯроквории минтақааш ба маблағи 57 ҳазору 9 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, ба хазинаи корхона насупорида, ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ронанда бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Деваштич

Нимашаби 25-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-СИЕЛО», Эргашов Дилмурод Ҷумаевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Хуштоири Мухлон ба самти шаҳраки Ғончи, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ДАФ», таҳти идораи ронанда Ниёзов Абдуфаёз Абдураҳмонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «ДЭУ-СИЕЛО», Эргашов Д.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашинаи мазкур  Эргашов Элмурод Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button