Шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса Темур Варқӣ ба ҷои Алим Шерзамонов раҳбари нави Анҷумани озодандешони тоҷик (АОТ), яке аз 3 созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи дар худи Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, интихоб шуд. Раҳбарии ин созмони оппозитсиониро то кунун Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон ба дӯш дошт. Дар ин бора рӯзи 25 августи соли 2024 Салим Султонзода, узви шӯрои Анҷумани озодандешон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод.
Дар посух ба суоли “Бомдод” дар бораи сабаби аз мақоми раиси Анҷуман рафтани Шерзамонов, Султонзода тафсилот надод ва танҳо гуфт, ки “Шӯрои раҳбарӣ чунин тасмим гирифт”. Худи Шерзамонов сабаби рафтанашро шарҳ надодааст.
Салим Султонзода гуфт, ҷаласаи навбатии ин гуруҳи оппозитсионӣ рӯзи 24 август доир шуда, дар ин ҷаласа илова бар интихоби раҳбари нави Анҷуман ҳамчунин чанд масъалаи дигар, аз ҷумла интихоби аъзои нави Шӯрои раҳбарӣ ва фаъолиятҳои Анҷумани озодандешон то моҳи январи соли 2025 баррасӣ шуда, 4 фаъоли тоҷик ба узвияти созмон пазируфта шуданд.
Бино ба иттилои Султонзода, дар ҷаласаи ахир Шералӣ Ғуломалиев (ДАР АКС), пажӯҳишгари Донишгоҳи Сукубаи Япония (Ҷопон) узви нави Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешон интихоб шуд.
Салим Султонзода гуфт:
“Шӯрои Анҷумани озодандешони тоҷик ҳоло аз 7 нафар иборат аст:
- Темур Варқӣ
- Алим Шерзамонов
- Сайидюнуси Истаравшанӣ
- Салим Султонзода
- Шералӣ Ғуломалиев
- Ҷамшед Ёров
- як олими точик, ки ҳоло мо номи ӯро эълон карда наметавонем”.
Темур Варқӣ, раҳбари нави Анҷумани озодандешони тоҷик, соли 1962 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 80 баъди хатми риштаи забону адабиёти рус дар донишгоҳ як муддат дар Академияи илмҳо ва сипас ҳамчун устоди забони русӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор карда, дар поёни солҳои 80 ба журналистика пайваст. Ӯ аз соли 1989 то 1992 дар нашрияи “Комсомолетс Таджикистана” ва хабаргузории “Постфактум” кор карда, соли 1992 нашрияи мустақили “Таджик-Пресс”-ро таъсис дод.
Варқӣ дар поёни соли 1992, дар пайи ба Душанбе ворид шудани нирӯҳои Фронти халқӣ Тоҷикистонро тарк гуфт ва солҳои зиёде дар Маскав ба ҳайси хабарнигори бахши русии ББС кор кард. Ӯ баъди анҷоми кор дар ББС ба Тоҷикистон баргашт ва як муддат дар хабаргузории “Азия Плюс” кор кард. Темур Варқӣ баъдан дар телевизиони оппозитсионии “Сафо ТВ” низ фаъолият карда, пас аз баста шудани ин шабака, соли 2015 ба Аврупо рафт ва солҳои охир дар Фаронса ба сар мебарад.
Темур Варқӣ ҳамчунин узви Шӯрои олии Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) буда, раҳбарии департаменти матбуот дар ин эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷикро ба ӯҳда дорад.