ГӮШИ ЯКЕ АЗ МАҲБУСОНИ ОШӮБГАРРО ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ БУРИДАНД
Расонаҳои миллатгарои Русия, аз ҷумла Телеграм-каналҳои “Поздняков 3.0” ва “Мигранты. Все как есть”, аксу видеоҳои ҷасадҳои маҳбусони рӯзи 23 августи соли 2024 дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯб дар маҳбаси №19 (ИТК-19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград кушташударо нашр карданд.
Дар як видеоҳо дида мешавад, ки нирӯҳои қудратӣ гӯши яке аз маҳбусонро буридаанд ва яке аз афсарони қудратӣ аз дигарӣ хоҳиш мекунад, то ӯро дар паҳлуи ҷасади ин маҳбус акс бигирад. Маълум нест, ки гӯши ин маҳбусро ҳангоми зинда буданаш буридаанд ваё баъди кушта шуданаш? Зоҳиран ин маҳбуси кушташуда, ки гӯшашро буридаанд, ба зодаи Тоҷикистон Нозирҷон Тошови 28-сола шабоҳат дорад. Рӯзи 23 август маҳз Тошов аз номи маҳбусони ошӯбгар дар маҳбаси Суровикино гап мезаду талабҳои онҳоро пеш мегузошт ва музокирот пеш мебурд.
Ёдовар мешавем, аз ин қабл, рӯзи 23 марти соли 2024, дар як ҷангалзор дар вилояти Брянск, нирӯҳои қудратии Русия ҳангоми таъқиби 4 муттаҳами асосии ҳамлаи хунин ба толори “Крокус Сити Ҳолл” баъди боздошт гӯши якеи онҳо– Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола аз Тоҷикистонро ҳамин гуна бераҳмона бурида буданд.
Ҳамон тавре ки баъди буридани гӯши Раҷабализода шоҳид шудем, видеои маҳбуси маҳбаси №19 бо гӯши бурида низ вокунишҳои зиёду гуногунро ба бор овард. Бархе бар инанд, ки бо онҳое, ки мардумро гаравгон мегиранд, бояд мисли худи онҳо бидуни ягон тараҳҳум рафтор кард. Гуруҳи дигар суол мегузоранд, ки дар чунин сурат байни террористҳо ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ фарқе боқӣ мемонад?
Рӯзи ҷумъа, 23 август, тақрибан соати 12:30, 4 маҳбас: 2 нафар аз Тоҷикистон ва дуи дигар аз Ӯзбекистон дуруст дар соати баргузории маҷлиси интизомии маъмурияти маҳбаси №19 вориди толори ҷаласа шуда, 9 зиндонбон, бо шумули сардори зиндон Андрей Девятовро гаравгон гирифтанд. Ошӯбгарон ҳамин тавр 5 маҳбуси дигарро ба асорат дароварданд. Дар давоми рӯз гаравгонгирҳо 5 тан аз зиндонбонҳо, бо шумули Девятови бо зарбаҳои болғаву корд маҷруҳшударо, ҳамчунин як маҳбуси низ захмӣ бо номи Александр Бойкоро ҷавоб доданд.
Ҷасадҳои се зиндонбон ва 4 маҳбусро баъди анҷоми амалиёт, ки соати 16 оғоз ёфта, баъди ним соат ба поён расид, пайдо карданд. Маълум нест, ки онҳоро гаравгонгирҳо куштанд ваё дар ҷараёни амалиёт ба ҳалокат расиданд? Боз як зиндонбон, ки дар ҷараёни амалиёт раҳо ёфт, баъди чанд соат дар бемористон ҷон дод.
Ба ин тартиб, дар ҷараёни ошӯб дар маҳбас дар вилояти Волгоград 8 гаравгон – 4 зиндонбон ва 4 маҳбус кушта шуданд. Дар бораи сарнавишти 4 гаравгонгир маълумот яксон нест. Бархе манобеъ менависанд, ки ҳамаи онҳо кушта шуданд, бархеи дигар мегӯянд, ки дуи онҳо зиндаанд, вале захмҳои сангин бардоштаанд. Аммо дар аксу видеоҳои нашршуда дар рӯи ҳавлии маҳбаси №19 ҷасадҳои дастикам се аз маҳбусони ошӯбгар дида мешуд.
Дар давоми 4 соате, ки ин 4 маҳбус маҳбасро ишғол карда буданд, онҳо чанд видео нашр карда, аз ҷумла гуфтанд, ки онҳо он маҳбусон ва зиндонҳоро, ки маҳбусони мусулмонро азият медоданд, ба асорат гирифтанд.
Назирҷон Тошов дар видеоҳои фиристодаашон аз ҷумла иддао мекард, ки мӯйсар ва риши тамоми маҳбусонро дар маҳбаси №19 пурра тарошида, аз дасти маҳбусони мусулмон китобҳои динӣ ва ҳатто тасбеҳу ҷойнамозҳоро кашида гирифтаанд ва ҳам зиндонбонҳо ва ҳам маҳбусони ғайримусулмон маҳбусони мусулмонро таҳқир карда, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд.
Тошов мегуфт, онҳо маҳбасро ба дасти худ гирифтанд, то ки барои “бародарон”-е, ки барои ҳамлаи “Крокус”, ба иддаои ӯ, “ноодилона” ҳабс шудаанд, интиқом бигиранд. Барои ҳамлаи “Крокус”, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, дастикам 12 кас – 11 зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон дар ҳабс қарор доранд.
Рӯзи 23 август расонаҳои зиёде хабар доданд, ки гаравгонгирҳо дар маҳбаси Суровикино силоҳу мошин, чархбол ва 2 миллион доллар талаб доранд. Аммо Тошов иддаои 2 миллион доллар талаб карданашонро билофосила рад кард ва гуфт, онҳо ба хотири пул даст ба ин кор назадаанд. Аммо ӯ тасдиқ карда буд, ки аз мақомот 4 автомат, мошин ва ҳамчунин аз ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавии зиндон) озод кардани маҳбусони ҳамватани худро талаб доранд. Дар ниҳоят, мақомот ҳеҷ яке аз ин талабҳоро иҷро накарда, ошӯби маҳбусонро бо истифода аз нирӯ фурӯ нишонданд.
Иштироки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ошӯби пурқурбонӣ дар маҳбаси Русия муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Русия ва ҳамин тавр, хонаводаҳои онҳоро сахт нигарон кардааст. Ҳама дар ташвишанд, ки ин қазия боиси мавҷи нави бархӯрди шадиди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирон хоҳад шуд. Амре, ки муҳоҷирони тоҷик баъди ҳамлаи “Крокус” дучор шуданд.
Эҳтимоли баъди ошӯб дар зиндони Волгоград шиддат гирифтани фишор ба муҳоҷирони тоҷик, тавре ба назар мерасад, роҳбарони Тоҷикистонро низ дар ташвиш андохтааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алакай шоми 23 август дар бораи суҳбати телефонии вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев “вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии низомаш сангини шаҳри Суровикино” хабар дод.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки “дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оиди дар ҳамбастагӣ таъҷилан андешидани чораҳои зарурӣ баҳри муайян ва дастгир намудани дигар аъзои ташкилоти терористие, ки ҷинояти мазкурро содир намудаанд ва барои гузаронидани ҳаракатҳои муштараки оперативӣ-тафтишотӣ ба мувофиқа расиданд”.
Тафсилоти дигари тавофуқоти ҳосилшуда гуфта нашудааст, вале таъкид шудааст, ки суҳбати телефонии Раҳимзода бо ҳамтои русаш “бо дастуру супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” сурат гирифтааст.
Дар Русия аз як то ду миллион зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол онҳо аз Русия ба Тоҷикистон то чанд миллиард доллар пул мефиристанд. Ин пулҳои фиристодаи муҳоҷирон якм манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва як омили умдаи гардонандаи чархи аробаи савдо ва дар умум омили муҳими таъмини пешрафти иқтисоди ин фақиртарин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ дониста мешавад.
Дар нимаи аввали соли 2024, асосан баъди ҳамлаи “Крокус”, аз Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карданд. Ин назар ба 11 ҳазор нафаре, ки дар тамоми тӯли соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд, хеле бештар аст.
Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия дар Тоҷикистон ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.