БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ЗАНИ МАСТ: ҲАМ МОШИНАШРО ПАЧАҚ КАРД, ҲАМ 2 ҲАЗОР ДОЛЛАР ҶАРИМА ШУД ВА ҲАМ БЕ “ПРАВА” МОНД
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 августи соли 2024 дар бораи боздошти боз як зан хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ пушти чанбари фармони мошин нишастааст. Фархунда Қурбонова, сокини 28-солаи Ҳисор ба болои ин дар ҳолати мастӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон дучори садама шуда, мошинашро пачақ ҳам кардааст.
Бино ба иттилои милитсия, Қурбонова Фархунда, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Ҳундай», рақамҳои қайди давлатиаш 17 69 GG 01, ба садама дучор гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ба ҳамин сабаб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Қурбонова Ф. бар асоси моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Додгоҳ нисбат ба ӯ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ (қариб 2 ҳазор доллар) таъйин кард. Фархунда Қурбонова ҳамчунин бо қарори додгоҳ барои 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд.
Ин ягона мавриди дар ҳолати мастӣ ба даст афтодани занон дар пойтахти Тоҷикистон нест.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16 августи соли 2024 аз боздошт ва 21 600 сомонӣ (қариб 2 ҳазор доллар) ҷарима шудану барои 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардани Қаюмова Лайло Мамадсафаровна ном як зани ронанда хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони мошини “БМВ” бо рақамҳои воҳимаи 99 99 TV 01 нишастааст. Қаюмова Лайло, бо ҳукми додгоҳ, ҳамчунин барои 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд.
Аммо як мавриди пурсарусадо боздошти овозхони 28-солаи тоҷик Ҳабиба Бозорова, маъруф бо тахаллуси Осия, дар моҳи июл буд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 июли соли 2024 хабар дод, аз ҷониби кормандони БДА мошини тамғаи “Рейнҷ Ровер”, рақамҳои қайди давлатиаш 53 28 МН 01 боздошт карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, ӯ дидаву дониста идораи мошинро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор кардааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Дар натиҷа Бозорова Ҳабиба ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ , ё қариб 2 ҳазор доллар ҷарима баста шуда, Баракати Салим ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Осия ҳамон вақт дар мусоҳиба бо нашрияи “Оила” гуфт, ҳодиса рӯзи 19 июл дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва ӯ маблағи ҷаримаро алакай пурра пардохт кардааст.
Осия инро ҳам шарҳ дод, ки чаро рондани мошинашро ба каси дигар бовар кард?
“Азбаски ман маст будам, нахостам, ки қонунро вайрон кунам. Бино бар ин, идораи воситаи нақлиётамро ба ихтиёри дӯстам гузоштам, вале намедонистам, ки ӯ ҳам дар ҳолати мастӣ қарор доштааст”, – гуфтааст Осия.
Бисёриҳо навиштаанд, ки ин қазия ҳамон мисраи машҳури “Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?”-ро ба ёд меорад.
Ҳабиба Бозорова 29 майи соли 1996 дар шаҳри Бохтар ба дунё омада, баъди ҷудо шудан аз шавҳар се духтари хурдсолашро ба танҳоӣ тарбия мекунад.