ҲАМЛАИ ЯК МАРДИ МУСАЛЛАҲ БО КОРД БА ИЗДИҲОМИ МАРДУМ ДАР ОЛМОН (ВИДЕО)
Шоми ҷумъа, 23 августи соли 2024, тақрибан соати 21, дар айни авҷи ҷашнвораи бахшида ба 650-солагии шаҳри Золинген дар сарзамини Рейни шимолӣ – Вестфалия дар ғарби Олмон дар майдони марказии ин шаҳр як марди ношинос бо корд ба издиҳом ҳамла овард.
Пулиси Дюсселдорф, ки Золинген низ дар ҳудуди масъулияташ қарор дорад, суҳби 24 август хабар дод, ки “дар натиҷаи ҳамла 3 нафар кушта шуда, 8 тани дигар захмӣ шуданд. 5 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҷинояткор тавонист аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Шахсияти ӯ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Пулис ҷустуҷӯи ҷинояткорро идома дода истодааст”.
Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс (Olaf Scholz) рӯзи 24 август дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) ҳамла дар Золингенро маҳкум кард. Шолтс ин ҳамларо “ҳодисаи мудҳиш” номид ва гуфт, “аз ин ҳодиса сахт ба риққат омадааст”. Садри аъзами Олмон дар изҳороташ гуфт: “Ҷинояткор бояд ҳарчӣ зудтар дастгир гардида, ба ҷазои сангин кашонда шавад”.
Ҷашни 650- солагии Золинген, ки бояд то 25 август идома меёфт, бекор карда шуд. Аз сокинон хостаанд, ки дар маркази шаҳр ҷамъ нашаванд.
Тим Куртсбах (Tim Kurzbach), обербургомистр, ё шаҳрдори Золинген дар Фейсбук навишт: “Мо ҳама, аҳли Золинген, аз ҳолат дар шок, даҳшат в андуҳи амиқ қарор дорем. Мо мехостем иди шаҳрамонро ҷашн гирифтанӣ будем, вале ҳоло барои куштаҳову захмиҳоямон ашк мерезему мотам гирифтаем. Аз ин ки шаҳри мо дучори ҳамла шуд, қалби ман ба дард меояд. Вақте дар бораи онҳое, ки аз даст додем, фикр мекунам, ашк дар чашмонам ҳалқа мезанаж. Ман барои захмиҳо дуо мекунам, ки ин лаҳзаҳо барои ҳифзи ҷони худ бо марг мубориза мебаранд”.
Моҳи июни соли2024 дар шаҳри Манҳейм дар ғарби Олмон як ҷавони 25-солаи зодаи Афғонистон ба иштирокчиёни раҳпаймоии тарафдорони ҷунбиши зиддиисломии Pax Europa ҳамла оварда буд. Дар натиҷа чанд нафар ҷароҳат бардошта, як афсари пулис, ки мехост монеи занозанӣ шавад, ба ҳалокат расид.
Дар пайи ҳамлаи Манҳейм дар ҳукумати Олмон пешниҳодҳое матраҳ шуд, ки паноҳҷӯёнеро, ки тарафдорони ақидаҳои ифротианд ваё дар қаламрави Олмон даст ба ҷиноят мезананд, ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ кунанд. Ба эҳтимоли ғолиб, баҳси ихроҷи паноҳҷӯён аз Олмон дар пайи ҳамлаи Золинген дигарбора авҷ хоҳад гирифт.
Олмон то кунун як кишвари умдаи паноҳҷӯпазир дар Аврупо ба шумор мерафт ва ҳар сол то 200 ҳазор паноҳҷӯро мепазирад. Аз 83 миллион шаҳрвандони Олмон 22 миллионаш муҳоҷирони собиқ ё фарзандони оилаҳои муҳоҷиронанд.