ВидеоСиёсат

ДАРГУЗАШТИ ДИЛОВАРШОҲ ҶӮРАЕВ, ПИСАРИ ХУРДИИ ОВОЗХОНИ ЗИНДАЁД АКАШАРИФ ҶӮРАЕВ

Диловаршоҳ Ҷӯраев, писари хурдии овозхони зиндаёди тоҷик Акашариф Ҷӯраев, рӯзи 24 августи соли 2024 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Қиёмиддин Азизов, раиси Ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нашри як номаи таслият аз номи худ ва ҳизб хабар дод. Дар бораи иллати марги Диловаршоҳ Ҷӯраев чизе гуфта нашудааст.

Қиёмиддин Азизов навишт: “Марги Акаи Диловаршоҳ Ҷӯраев моро сахт андӯҳгин намуд.Ин ғами бузургро барои хонаводаи эшон таслият мегӯям. Ин Акаи Диловаршоҳ дар тӯли фаъолиятҳои ҳизбии худ бисёр як шахси якрӯву бекина ва ғамхори ин миллату мардум буданд. Ҳамеша барои беҳбуди мардуми худ кӯшишҳо мекарданд. Ёдат ба хайру хонаи охиратат обод бод, абармарди саҳнаи сиёсати тоҷик! Ба хонаводаи гиромии эшон сабри ҷамил ва аҷри ҷазилро аз даргохи Илоҳӣ хоҳонам”.

Диловаршоҳ Ҷӯраев 10 феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, солҳои 1964 – 1969 дар Донишкадаи политехникии Одесса аз рӯи ихтисоси «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ ва нуриҳои химиявӣ» таҳсил  кардааст.

Диловаршоҳ Ҷӯраев солҳои 1970 – 1987 дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун: мутахассиси калон, сармутахассиси шӯъбаи химикон, референти калони шӯъбаи кишоварзӣ, муовини раиси Иттиҳодияи илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозхимия», котиби озоди кумитаи ҳизби коммунисти ин вазорат ва солҳои 1986 – 1987 – дар мансаби котиби озоди кумитаи ҳизбии Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон, ки ба ҷои вазорати кишоварзӣ ташкил шуда буд, кор кардааст. Ӯ солҳои 1987 – 1991 – муовини аввал ва сипас раиси Кумитаи агросаноатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; солҳои 1991 – 1992 – президенти консерни «Душанбе»; солҳои 1992 – 1993 – муовини вазири кишоварзии ҶТ доир ба равобити иқтисодию хориҷӣ; солҳои 1994 – 1995 – сардори намояндагии шаҳри Душанбе дар Минск; солҳои 1995 – 2000 – ноиби президенти корпоратсияи маркетинги «Евроазияпром» кор кардааст.

Диловаршоҳ Ҷӯраев муаллифи мақолаҳои зиёд дар мавриди рушди устувори соҳаи хоҷагии қишлоқи ҶТ ва дигар масъалаҳои умдаи иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон буд.

Диловаршоҳ Ҷӯраев, ки як вақтҳо талош карда буд, то ҳизби худашро бо номи Ҳизби мероси миллии Тоҷикистон сабти ном кунад, вале муваффақ нашуд, баъдан ба саффи ҳизби сотсиал-демократ пайваст ва аз раҳбарони он ба шумор мерафт. Дар интихоботи парлумонии соли 2010  номзадии Диловаршоҳ Ҷӯраев дар баробари шахсиятҳои дар ҷомиа шинохтае, чун муовини собиқи раиси гумрук Маҳмуд Қосимов, додраси собиқи Додгоҳи олӣ Ватан Абдураҳмонов, ҳомии ҳуқуқ Дилбар Самадова, таҳти рақами 6 дар рӯйхати ҳизбии ҲСДТ пешбарӣ шуда буд, вале ин ҳизб дар он интихобот ва интихоботҳои дигари парлумонӣ ягон бор натавонист беш аз 5 фоиз овоз гирифта, ба парлумон роҳ биёбад.

Овозхони зиндаёд Акашариф Ҷӯраев ва ҳамсараш Гулноро 5 писар дошт: Қандил Ҷӯраев (собиқ ректори Донишкадаи омӯзгории Душанбе, ки ин донишкада солҳо номи ӯро дошт), Муқим, Дарвозӣ, Ҳисорӣ  Ҷӯраев (доктори илмҳои химия) ва Диловаршоҳ.

Худи Диловаршоҳ Ҷӯраев нақл карда буд, ки падараш дар аввал номи ӯро Кӯлобӣ гузошта буд.

“Раҳматӣ падарам зиёд ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт. Вақте хабараш медоданд, ки ҳамсарат таваллуд кард, агар дар Дарвоз мешуд, мегуфт Дарвозӣ монед номашро. Як бародарам Дарвозӣ ном дошт, маро дар аввал Кӯлобӣ ном гузоштанд. Баъдан як дӯсташ, ки Диловар ном дошт, фавтид ва маро ба номи ӯ монданд. Як бародари дигарам Ҳисорӣ ном дошт. Яъне, Дарвозӣ, Ҳисорӣ, Кӯлобӣ,” – нақл карда буд Диловаршоҳ Ҷӯраев.

Диловаршо Ҷӯраев бо ҷамъе аз раҳбарони Ҳизби сотсиал демократ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button