
Шаби 24 августи соли 2024 дар мусобиқаи Road To UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико размандаи тоҷик Самандар Муродов, ки то ин набард 8 пирӯзӣ дар ҷайб дошту ягон бохт надорад, рақибаш аз Амрико Ҷонатан Пирсмаро, ки 9 пирӯзӣ ва 2 бохт дар ҷайб дошт, шикаст дод. Ин пирӯзии нӯҳуми Самандари маъруф бо лақаби “Шикастнопазир” ва бохти сеюми Пирсма буд.
Сомонаи расмии UFC, муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) навишт, ки Самандар Муродов дар ин набарди сангин бар Ҷонатан Пирсма бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) пирӯз дониста шуда, “бо даст ёфтан ба пирӯзии инак дуюмаш дар мусобиқоти Road To UFC рекорди шикастнопазириашро ҳифз кард”.
“Ин як набарди сангин байни ду размандае буд, ки ин рақобатро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ бидуни омодагии кофӣ доир карданд. Дар ин ҷуфт Самандар Муродов назар ба рақибаш таъсирбахштар ҳунарнамоӣ карда, дар мавқеъгириҳо қотеияти зиёдтар намоиш медод ва зарбаҳоро зада гардонда, барои худ имкони зарба меҷуст ва пеши роҳи тамоми ҳамлаҳоеро, ки Пирсма мехост анҷом бидиҳад, мегирифт”, – навиштааст хадамоти матбуоти UFC.
Нахустин пирӯзии Самандар Муродов дар Амрико ва пирӯзии инак дуюмаш дар мусобиқоти Road To UFC дар арафаи ҷашни 25-солагии ин размандаи ҷавону ояндадори тоҷик иттифоқ уфтод: Самандар 28 августи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтор и Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар муҳоҷират, дар шаҳри Твери Русия ба воя расидааст.
Албатта, ин пирӯзӣ ҳанӯз ба ӯ имзои қарордодро бо UFC замонат намедиҳад, чунки Самандар Муродов ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2022 як набардро дар мусобиқаи Road To UFC дар Абӯ-Забӣ бурда буд, вале бо ин лига қарордод баста натавонист. Дар вақтҳои охир ин лига аз тақрибан 30 ғолиби мусобиқаҳои Road To UFC танҳо бо ягон 10 нафари онҳо қарордод бастааст.
Ва аммо коршиносон мегӯянд, ба фарқ аз 4 размандаи дигар аз Тоҷикистон, ки алакай бо UFC қарордод бастаанд, Самандар Муродов шонси хубтари дар оянда расидан ба мақоми қаҳрамон, яъне чемпиони ин лигаи муътабарро дорад.
Самандар Муродовро инак чанд сол боз ҳамчун размандаи ояндаи UFC рақам мезананд, вале то кунун ба ӯ ҳеҷ муяссар намешуд, ки виза ба даст оварда, ба Амрико биравад.
Самандар Муродов моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб дар мусобиқоти “Road to UFC”, ки махсус барои размандаҳои умедбахш аз қораи Осиё доир карда буданд, рақибаш Ҷиан Сикуэйра аз Бразилияро пеш аз муҳлат, алакай дар анҷоми даври аввали набардашон бо роҳи буғикунӣ мағлуб сохт. Самандар рақибашро дар кунҷи майдон чунон танг карду буғӣ кард, ки ӯ илоҷе ба ҷуз аз тан додан ба шикаст наёфт ва довар низ муҳорибаро пеш аз муҳлат қатъ карду пирӯзиро ба варзишгари тоҷик дод.
Аз он қабл Самандар Муродов ва Нурулло Алиев моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд.
Дар он мусобиқа дар рақобати ниҳоӣ бо Максим Шветс дар даври сеюми набард китфи рости Самандар баромад ва аз китфаш овезон шуда буд, вале паҳлавони тоҷик бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш бо як даст набардро идома дод ва дар даври чорум ҳатто тавонист, ки рақибашро ба нокаути фаннӣ фиристад ва пеш аз муҳлат пирӯзиро ба даст оварад.
Барои дарёфти медали қаҳрамонӣ Нурулло Алиев дар танаш футболка бо акси падари Ҳабиб ба саҳна баромад, вале Самандар Муродов ба хотири пуштибонӣ аз муборизаи тоҷикони Афғонистон ба зидди режими Толибон футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро пӯшида, мухлисонашро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.
Баъди бозгашташон ба Тоҷикистон, соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба Самандар Муродов ва Нурулло Алиев барои пирӯзиашон дар он мусобиқа мошинҳои тамғаи “Мерседес” туҳфа карда буд. Дар видео дида мешуд, ки чӣ гуна Самандар пушти фармони ин мошини рангаш сиёҳ мешинад ва онро ба ҳаракат медарорад. Дар пасманзар садои як наврас ба гӯш мерасид, ки мегуфт, “Самандар права дошта бошад?”
