ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЗАНУ ШАВҲАР БО ЭЪЛОНИ БАРДУРӮҒИ ХОНАИ ИҶОРА БЕШ АЗ 15 НАФАРРО ФИРЕБ ДОДААНД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи боздошти як ҷуфти ҷавон бо иттиҳоми дар сомонаи Сомон.Тҷ нашр кардани эълони бардурӯғ дар бораи иҷора додани манзил дар пойтахт ва бо ин васила фиреб додани беш аз 15 нафар хабар дод. Ин зану шавҳар худро риэлтор муаррифӣ карда, аз шаҳвандони муҳтоҷи хона барои дидани хонаи иҷора пул мегирифтанд ва бо ҳамин ғайб мезаданд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт гуфт, як қатор шаҳрвандон ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуданд, ки шахсони номаълум бо баҳонаи ба иҷора додани манзили истиқоматӣ, дар сомонаи «Сомон.тҷ» эълони бардурӯғ гузошта, маблағҳои онҳоро аз они худ кардаанд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафар ҳамчун гумобар дастгир карда шуданд.

Милитсия мегӯяд: “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Латипов Э. ва Камолова Н. бо ҳам зану шавҳар буда, бо мақсади мардумфиребӣ расмҳои манзили истиқоматиеро аз интернет гирифта, дар сомонаи «Сомон.Тҷ» эълони бардурӯғ гузоштаанд. Номбурдагон бо ин тарз беш аз 15-нафарро фиреб дода, маблағҳои онҳоро аз они худ кардаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Худи Латипов Э. ва Камолова Н. ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Дар вақтҳои охир дар Душанбе мавридҳои фиреби шаҳрвандон аз ҷониби риэлторҳои бардурӯғ зиёд шудааст. Чанд вақт пеш нафаре ба дасти мақомот афтода буд, ки дар шаҳри Истаравшан истода, аз ҳамон ҷо манзилҳои набударо дар пойтахт ба “иҷора” медод ва аз шаҳрвандони фиребхӯрда пул мегирифт.

Дар умум қаллобӣ дар Тоҷикистон баъди дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ ба шумор рафта, тақрибан ҳар ҷинояти ҳафтуме, ки дар ҷумҳурӣ содир мешавад, қаллобӣ мебошад. Аз ҷумла соли 2023 дар Тоҷикистон 2762 ҷинояти қаллобӣ сабт шуда буд. Дар нимаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 1820 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин 15,4% аз 12 ҳазору 804 ҷинояти дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ содиршударо ташкил медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button