АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ОШӮБИ ХУНИНИ МАҲБУСОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК МАҲБАС ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ

Рӯзи 23 августи соли 2024 чор маҳбус – ду маҳбус аз Тоҷикистон ва дуи дигар аз Ӯзбекистон – дар маҳбаси №19 (ИТК -19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград бо корду болға мусаллаҳ шуда, чанд корманди ин маҳбасро гаравгон гирифтанд. Онҳо бо таҳдиди куштани гаравгонҳо дар видеоҳои ирсолкардаашон парчами сиёҳи ДОИШро алвонҷ дода, изҳор доштанд, ки барои “бародарони бегуноҳ зиндонишуда” қасос мегиранд. Онҳо ҳамчунин автомат, чархбол ва 2 миллион доллар талаб карданд ва таҳдид доштанд, ки агар талаботи онҳо иҷро нашавад ваё ба болои онҳо ҳамла шавад, онҳо бомби худсохтеро, ки гӯё дар дохили ҳамин маҳбас тайёр кардаанд, метарконанд.

Аз 4 маҳбуси ошӯбгар се нафараш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва танҳо Темур Ҳусинов аз Ӯзбекистон бо ҷурми куштор аз беэҳтиётӣ зиндонӣ шуда буданд. Ҳусинов дар ҳоле даст ба исён зад, ки то озод шуданаш ҳамагӣ дувуним моҳи дигар монда буд.

Соати 16:00 нирӯҳои вижа ба ҳамла шурӯъ карданд. Дар қадами аввал снайперҳои СОБР ошӯбгаронро ҳадафи тир қарор доданд. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, аз 4 ошӯбгар дуяш дақиқан кушта шуда, дуи дигараш дар ҳолати вазнин қарор доранд. Гаравгонҳо озод карда шуданд. Маҳбуси 23-солаи тоҷик Рустамҷон Наврӯзӣ, ки тасмаи маргталабонаро ба тан карда буд, кӯшиш кардааст, ки онро битарконад, вале бомба натаркидааст.

Маҳбуси ИТК -19 бо тақрибан 1200 маҳбус дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград,  дар фосилаи 135 километр аз шаҳри Волгоград ва дар наздикии марзи вилояти Ростов ҷойгир шудааст.

Рӯзи 23 августи соли 2024, тақрибан соати 12:30, як гуруҳи маҳбусон чанд корманди маҳбас, аз ҷумла сардори ИТК-19 Андрей Девятов ва як маҳбусро асир гирифтанд. Дар ҷараёни часпочасп ду корманди маҳбас: сардори як отряд ва сардори қисми фаврӣ кушта шуданд. Сардори маҳбас Девятов, ки маҳбусон ӯро бо болға ба сараш зада, чанд захми корд ҳам расонданд, ҳамроҳи 4 корманди дигар ва маҳбус бо номи Александр Бойкоро гаравгонгирон худашон ба мақомот супурданд, чунки онҳо маҷруҳ шуда буданд. Аммо 5 корманди дигари зиндон дар асорати онҳо боқӣ монд ва маҳбусони шӯришгар талаботи худро тавассути онҳо аз тариқи видео мерасонданд.

Бино ба гузоришҳо, шӯришгарон ин 4 нафар будаанд:

  1. Шаҳрванди Ӯзбекистон Рамзидин Тошев, санаи таваллудаш 8 октябри соли 1995. Соли 2023 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Муҳлати ҳабсаш соли 2031 ба поён мерасид;
    2. Шаҳрванди Тоҷикистон Назирҷон Тошов, санаи таваллудаш 6 марти соли 1996. Соли
    2022 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Муҳлати ҳабсаш соли 2029 ба поён мерасид;
    3. Шаҳрванди Тоҷикистон Рустамҷон Наврӯзӣ, санаи таваллудаш 22 марти соли 2001.  Соли 2021 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Муҳлати ҳабсаш соли 2028 ба поён мерасид;
    4. Шаҳрванди Ӯз
    бекистон Темур Хусинов, санаи таваллудаш 9 августи соли 1995. Дар соли 2018 барои дар ҷараёни як занозанӣ дар Волгоград то мурдан латтукӯб кардани як марди солхӯрда ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд. 8 ноябри соли 2024 муҳлати ҳабсаш ба охир мерасид.

Бархе Телеграм-каналҳои Русия, аз ҷумла “Мэш”, бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки дар пайи ошӯби моҳи июни соли 2024 дар СИЗО, ё боздоштгоҳи Ростов, маъмурияти ИТК-19 мӯи сар ва риши маҳбусони мусулмонро дар ин маҳбас пурра тарошид ва ин мавҷи норозигиро ба бор овард.

Маҳбусони мусулмон ҳамчунин аз он шикоят доштанд, ки ба онҳо мутолиаи китобҳои мусулмонӣ ва истифодаи ҷойнамозро дар маҳбаси №19 комилан манъ кардаанд.

Дар робита ба ҳодисаи охир бо моддаҳои “гаравгонгирӣ” ва “ба ҳам задани кори зиндон” парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Тафтишот ҳамчунин бояд таҳқиқ кунад, ки оё кӣ аз зиндонбонҳо барои интиқоли кордҳо ва парчами ДОИШ ба дохили маҳбас кумак кардааст?

Дар маҳбасҳои Русия ҳазорон маҳбуси мусалмон, аз ҷумла то 8 ҳазор тан аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button