Хабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ “ОПЕЛ” БО “ПОРТЕР”, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 135 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ТАСАРРУФИ ПУЛҲОИ “ШЕДРОЕ ЛЕТО” ВА “ТОҶЭРО”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 августи соли 2024

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов

Шаби 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 22:40,  ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Сафаров Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи «Ҳундай-Портер», таҳти идораи Оқилов Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Деваштич бархӯрдааст.  

Дар натиҷа мусофири «Портер», Абдуллоев Дилшод, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи «Портер» Оқилов Ҷ. ва мусофири дигараш Расулов Исматулло, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Деваштич, инчунин ронандаи тамғаи «Опел-Вектра», Сафаров М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 39-сола бо ҷурми қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2020 дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 135 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бар ивази маблағаш автомашина оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда маблағашро барнагардонидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 1-уми декабри соли соли 2022 ба ҳайси намояндаи бренди «Шедрое Лето» ба кор қабул гардида ва дар давраи кориаш аз 9-уми январ то 1-уми июли соли 2024 аз амбори ҷамъият маҳсулоти хӯрока, яъне равғани растании «Шедрое Лето» ва маргарини «Шедрое Лето»-ро қабул намуда, ба нуқтаҳои муайянгардида дастрас накарда, ба дигар мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо бурда, ба фурӯш гузоштааст, ки ба корхонаи мазкур ба маблағи 372 ҳазору 720 сомонӣ зарари молу мулкӣ расонидааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз соли 2022 то 1-уми августи соли 2024 дар ҶДММ “Таджеро” ҳангоми кору фаъолият карданаш, маҳсулоти хурокворӣ, ҷамъ ба маблағи 68 ҳазору 955 сомониро азонихуд карда ва маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ноҳияи Деваштич моҳи сентябри соли 2023 бо роҳи азонихудкунӣ ба боварии 14 нафар саҳмдорони деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич даромада, бо мақсади кофта додани чоҳи амудӣ аз ҳамаи 14 нафар шаҳрвандон дар умум 33 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ба манфиати худаш сарф намуда, ба сокинони ин деҳа зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2  моддаи 245 Кодекси ҷинояитии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button