ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БА МОДАРАШ 15 ҲАЗОР РУБЛ ФИРИСТОД: ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР МЕШАВАД

Додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар шаҳри Маскав ба мурофиаи парвандаи Нозимова ном як зан аз Тоҷикистон, ки ба маблағгузории терроризм айбдор мешавад, оғоз кард. Дар ин бора рӯзи 22 августи соли 2024 аз толори ин додгоҳ хабарнигори хабаргузории давлатии Русия ТАСС гузориш дод.

Бар асоси маводи парвандаи ин  зани тоҷик, ки дар оғози мурофиа эълон шуд, “Нозимова бар асоси қисми панҷуми моддаи 33 ва қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (мусоидат ё ҳамдастӣ ба фаъолияти террористӣ) айбдор мешавад. Тафтишот муайян кард, ки айбдоршаванда ба як нафари шахсияташ мушаххасношудаи марбут ба созмони террористии исломӣ 15 ҳазор рубл пул фиристодааст”.

Тафтишот мегӯяд, Нозимова он маблағи 15 ҳазор рублро бо мақсади маблағгузории фаъолияти созмони террористии дар Русия ва бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба Сурия фиристода буд.

Дар рӯзи аввали мурофиа Нозимова нақл кардааст, ки ӯ аз соли 2014 бо мақсади ҳифзи иртибот бо аъзои хонаводаашон, ки ба Русия рафта буданд ва таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки он 15 ҳазор рублро ба як нафари ношинос бо мақсади кумак ба кӯдаконе, ки дар урдугоҳи асирон қарор доштанд, ва ҳамчунин бо мақсади ҳифзи иртибот бо модараш, ки низ дар ҳамон урдугоҳи асирон будааст, интиқол дода буд.

Бино ба иттилои ТАСС, додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия парвандаи Нозимоваро рӯзи 26 июли соли ҷорӣ барои баррасӣ қабул кардааст.

Ба ин зан бар асоси қонунҳои Русия барои маблағгузории созмони террористӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубл таҳдид мекунад.

Дар маҳбасҳои Русия бо айни иттиҳоми интиқоли пул ба созмонҳои террористӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷик адои ҳукм мекунанд, вале дар бораи бо чунин иттиҳом дар Русия ба ҷавобгарӣ кашонда шудани занони тоҷик то кунун ягон хабар ба даст нарасида буд.

Дар Душанбе бар инанд, ки дар вақташ беш аз 80 фоизи тоҷикҳое, ки ба доми фиреби мубаллиғони созмонҳои ҷангҷӯи мазҳабӣ, асосан ба доми ДОИШ афтода, бархе хонахез ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтанд, маҳз дар замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба саффи гуруҳҳои террористӣ ҷалб карда шудаанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар миёнаҳои даҳаи дуюми асри 21 дар солҳои авҷи таблиғоти эмиссарҳои созмонҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо ба мисли модару бародарони Нозимова, хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин гуруҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастанд.

Дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ ва аз дасти онҳо пас гирифтани қисмати аъзами  қаламрави ба ном “хилофати исломӣ”, ки ҷангҷӯён дар Сурияву Ироқ таъсис дода буданд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, тақрибан 500 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуда, қисмати дигаре аз онҳо аз Ховари Миёна рӯ ба гурез оварданд.

Дар ин лобало мақомоти Ироқ ва нирӯҳое, ки дар Сурия ба зидди ДОИШ меҷангиданд, ҳазорон нафар аз аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ, аз ҷумла садҳо зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро боздошт карданд, ки қисме аз онҳо дар урдугоҳҳои вижа дар Сурия ва қисмате дар зиндонҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон, асосан ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода муяссар шуд, ки беш аз 400 нафар аз ин занону кӯдаконро ба Ватан баргардонанд. Аз ҷумла соли 2017 89 кӯдаки тоҷикро аз  Ироқ, моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ва моҳи майи соли гузашта 104 зану кӯдак ва моҳи апрели соли 2024 боз 47 зану кӯдаки тоҷикро боз ҳам аз Сурия ба Ватан баргардонанд.

Вале дар умум ба Ватан баргардондани бахусус ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд. Моҳи апрели соли 2023 як гуруҳи занони тоҷик дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button