СЕ РОҲЗАН ШАБОНА КАМЕРАВУ ТЕЛЕФОНИ СОКИНИ РӮДАКИРО ЗАДА ШИКАСТААНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 22 августи соли 2024
Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи шаҳрванд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки нимашаби 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:50-дақиқа, дар назди манзили истиқоматиаш бе ягон асос ӯро се нафар шахс мавриди лату кӯб қарор дода, дастгоҳи наворбардорӣ ва 1-адад телефони мобилиашро шикаста корношоям намудаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 36, 33 ва 48-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Спитамен, 6-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:00, барои тозаву озода намудани ҳавлии истиқоматиашон партовҳояшро ба қафои манзилашон бурда, дар партовгоҳ оташ мезанад.
Дар натиҷа оташ баланд шуда, ба манзили истиқоматии ҳамсояаш пирамарди 79-солаи сокини ҳамин ноҳия гузаштааст.
Дар натиҷаи сӯхтор 96 метри мураббаъ сӯхта, зарари он 44 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 256 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздии молу амволи шаҳрвандон
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми августи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба Бунгоҳи тиббӣ, воқеъ дар суроғаи ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав даромада, аз он ҷо 10 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 20 ва ноболиғони 16, 17, 15-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2024 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав даромада, аз он ҷо 3 сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми августи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 34 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 33-сола ва зани 44-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Яккабоғ қарор доштанаш ба ҳавлии бобояш марди 64-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гашта, аз фурсати мусоид ва набудани бобояш истифода бурда, аз он ҷо 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб содир намудани қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2024 ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада бо роҳи фиреб аз номбурда автомашинаи тамғаи “Фолксваген” ва автомашинаи тамғаи “Лексус-РХ 350”-ро, ки арзиши умумиашон 460 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки маблағи онҳоро дар муддати 2-моҳ бармегардонад. Аммо автомашинаҳоро фурӯхта маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Истаравшан аввалҳои моҳи августи соли 2020 ба боварии марди 48-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, барои ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориаш аз ҷабрдида 130 ҳазор сомонӣ гирифта, 49 ҳазору 650 сомониашро баргардонида, боқимонда 96 ҳазору 350 сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.