ПУТИН ДАР МАСҶИДИ НАВИ ШАҲРИ ГРОЗНИЙ КИТОБИ “ҚУРЪОН”-РО БӮСИД
Видеои дар як масҷид дар пойтахти Чеченистон китоби барои мусулмонон муқаддаси “Қуръон”-ро бӯсидани президенти Русия Владимир Путин дар ин авохир дар кишварҳои мусалмоннишин ба як видеои хеле пуртамошобин, ё ба қавли дигар, вирус, табдил ёфтааст.
Рӯзи 20 августи соли 2024, Путин зимни боздиди аз масҷиди нави ба номи Паёмбар Исо дар шаҳри Грозний, пеш аз даромадан ба масҷид пойафзоли худро аз пой баровард ва ба ин масҷид китоби дастӣ китобату саҳифабандишудаи “Қуръон”-ро, ки сангҳои қиматбаҳо ва ороишоти тиллоӣ зиннат дода шудааст, туҳфа кард.
Вақте ки ӯ Путин ин китобро туҳфа мекард, онро ба даст гирифт ва бӯсид. Видеои ин лаҳза дар як они воҳид ба видеои вирус табдил ёфт ва дар кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар Туркия, Иморот, Миср, Сурия ва кишварҳои дигар миллионҳо тамошобин ҷамъ овард. Бисёриҳо аз чунин арҷгузории Путин ба китоби “Қуръон” ситоиш мекунанд.
Расул Тавирдаков, блогери мусулмони муқими Русия навишт, ки рафтори Путин бояд барои дигар мақомоти Русия намунаи ибрат шавад. Бахусус барои он афсарони ОМОН, ки соли гузашта бо кафшҳои ифлоси худ дохили масҷиди шаҳраки Котелники дар канори Маскав шуда, ба эродҳои намозгузорони он масҷид бо як лаҳни тунду таҳқиромез посух медоданд.
Мусулмононе, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, низ умедворанд, ки рафтори Путин дар масҷиди Грозний оғози тағйирот дар муносибати баъди ҷанги Украина бадшуда ва баъди ҳамлаи хунини “Крокус” боз ҳам бадтаршудаи мақомоти Русия нисбат ба мусулмонон хоҳад шуд.
Путин аз масҷиди нави ба номи Ҳазрати Исо ҳамроҳи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, муфтии ин ҷумҳурӣ Салоҳ Межиев, мушовири Қодир дар умури бунёди муассисаҳои динӣ Амруди Одилгириев ва шаҳрдори Грозний Хасмуҳаммад Қодиров дидан кард.
Масҷиди нави ба номи Ҳазрати Исо дар Грозний нусхаи хурдтари масҷиди машҳур дар маркази шаҳри Шалии Чеченистон аст, ки бо сабки меъмории Осиёи Миёна дар охири ҳазорсолаи якум ва аввали ҳазорсолаи дуюм (асрҳои 10-12) бунёд шудааст.