ҲАБСУ ҶАРИМАИ 3 АПАЮ ХОҲАР ДАЙХУДОЕВАҲО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ДУХТАРИ ДИГАР (ВИДЕО)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи як ҳодисаи ғайриоддӣ: аз ҷониби 3 апаю хоҳар латтукӯб шудани як духтари дигар дар кӯчаи Шириншо Шотемур дар маркази пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Лаҳзаи А.Саидоваро латтукӯб кардани хоҳарон Дайхудоеваҳоро дурбини видеокамераи назоратӣ сабт кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як духтари ҷавони сокини пойтахт, барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, 3 апаву хоҳар шаҳрвандон:
- Дайхудоева Индира,
- Дайхудоева Тахмина ва
- Ахёрова Мавзуна дастгир карда шуданд.
Худи хоҳарони дастгиршуда барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, “чуноне аз навори камераи мушоҳидавӣ низ дида мешавад, ин се дастгиршуда санаи 19-уми август ба ҷойи кори Саидова А., воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур рафта, ӯро латтукӯб кардаанд”.
Дар навор дида мешавад, ки ин ҷанҷол дар дохили дафтари кадом ширкат ё идорае рух додааст ва вақте ки ҳарсе апаю хоҳар ба Саидова А., ки пушти мизи кориаш нишаста буд, дарафтоданд ва ӯро аз мӯи сараш кашида, чанд мушташ ҳам заданд, чанд нафар, зоҳиран ҳамкорони Саидова, худро шитобон ба ҷои ҳодиса расонда, ин занро ба азобе аз дасти хоҳарон Дайхудоеваҳо халос ва, ба ибораи маъруфи журналистони ҷангноманавис, тарафҳои даргирро аз ҳам ҷудо карданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Додгоҳ нисбат ба Ахёрова Мавзуна ҳамчун ҷазо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати ду шабонарӯз ва нисбат ба Индираю Тахмина Дайхудоеваҳо, ба ҳар кадоме ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробари 504 сомонӣ, ё тақрибан 45 доллар ҷаримаи маъмурӣ таъин намуд.
Сабаби ҷанҷоли байни се апаю хоҳар ва Саидова А. маълум нест.