БОЗДОШТИ 3 ҶАВОН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ ПАЙДО ШУДАНИ “ҶИН” ДАР ВАҲДАТ (ВИДЕО)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 21 августи солми 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони милитсия манбаъҳои паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар бораи гӯё пайдо шудани “ҷин” дар ҳудуди ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдатро муайян сохта, чанд нафарро барои паҳн кардани ин овозаҳо дастгир кардаанд.
Дар гузориши дар барномаи “Ахбори ВКД” нашршуда лаҳзаҳои бозпурсии се нафар аз дастгиршудагон нашр шудааст, ки якеи онҳо зоҳиран сокини ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов буда, номаш зикр нашудааст. Ӯ муаллифи нахустин видео дар бораи пайдо шудани “ҷин” дар Ваҳдат аст, ки дар байни мардум паҳн шуда, таҳлукаи зиёд ба по кард. Аз ҷумла дар байни даҳҳо ҳазор зодагони ин минтақа, ки дар муҳоҷирати корӣ дар берун аз Ватан қарор доранд.
Ин ҷавон лаҳзаҳои шабона дар ҷамоати Раҷаб Исмоилов ҷамъ шудани издиҳоми мардумро ба навор гирифта, ба бародаронаш фиристодааст. Ӯ дар видео мегӯяд, ки гӯё рӯзи 17 августи соли 2024 “ҷин” ҳангоми дар Элокҳо гӯсфанд чаронидани сокини 19-солаи ин ҷамоат Ҷовидон Нарзуллоев мак, яъне гулӯи як гӯсфанди ӯро буридааст ва соҳиби гӯсфанд баъди дидани “ҷин” ва аз тан ҷудо кардани сари гӯсфанд гунгу шал шудааст, яъне аз забон ва ҳаракат мондааст.
Ҷовидон Насруллоев дар ин гузориш гуфт, асли воқеа дигар буд: “Ман ҳар рӯз гӯсфандҳоямро ба боғ бурда, мечарондам. Рӯзи 17 август як гӯсфанд ногаҳон аз по афтод ва аз ҳуш рафт. Ман барои онки ҳаром нашавад, кордро гирифтам, то ки ҳалолаш кунам. Ман пеш ягон бор чорво накушта будам ва вақте маки гӯсфандро задам, ба сару рӯям хун чошид ва ман тарсида, аз ҳуш рафтам. Ин овозаҳо, ки гӯё ман гунгу шал шуда бошам, ҳақиқат надорад”.
Ҷавони дастгиршуда гуфт, вақте ин ҳодисаро барои бародаронаш ба навор гирифт, ҳанӯз аз асли воқеа пурра хабар надошт ва аз ин ки ин видео дар байни мардум паҳн гардида, сабаби ба тарсу таҳлука афтодани сокинон шуд, ҳоло изҳори пушаймонӣ мекунад.
Ду ҷавони дигар: Шокиров Муҳаммадрофеъ, сокини шаҳри Ваҳдат ва Раҷабов Шаҳром, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми итоат накардан ба амри қонунии кормандони милитсия дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо ҳангоми тафтиши санадҳои як шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат монеи фаъолияти хидматии онҳо шудаанд.
Маркази матбуоти ВКД дар гузоришаш дар бораи ин хориҷӣ тафсилот надод, вале қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои лаҳзаи боздошти як ҷавони сиёҳпӯст аз сӯи милисаҳо дар Ваҳдат нашр шуд. Муаллифони видео мегуфтанд, шояд ҳамин ҷавон ҳамон ба ном “ҷин” аст, ки сокинони Ваҳдатро чанд рӯз боз ба тарсу таҳлука андохта буд.
Баъдан дар шабакаҳо бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат маълумоте нашр шуд, ки Ин ҷавони сиёҳпӯст Дани ном дошта, аз кишвари африқоии Уганда будааст. Дани аз гуруснагӣ шабҳо дар ҷустуҷӯи нон ё ягон хӯрдании дигар ба хонаи чанд сокини Ваҳдат даромадааст ва гӯё мардум ӯро дида, гумон кардаанд, ки дар инҷо “ҷин” пайдо шудааст. Ба болои ин, як дафъа, вақте соҳибони хона даромадани ӯро дида, таъқибаш кардаанд, Дани чусту чолокӣ нишон дода, аз болои боми чанд хона парида, фирор кардааст ва ин боис шуда, ки мардум ӯро ба кенгуруи одамсимо ва бархе ба марди анкабут (человек-паук) монанд кардаанд.
Маълум нест, ки Дани кай ва чӣ гуна ба Тоҷикистон омадааст ба чӣ сабаб дучори чунин ҳолати тоқатфарсо гардида, ҳатто гуруснагӣ кашидааст? Он ҳам дар кишваре, ки мардумаш бо меҳмоннавозии худ шуҳрат доранд.
ВКД дар гузоришаш пайдо шудани овозаҳо дар бораи “ҷин” ва ба ин овозаҳо бовар кардани сокинонро ба хурофотпарастӣ ва бесаводӣ рабт дод.