АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: ЗАМОНИ ҲАБСИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР ИСЛОМОВҲО ТО 3 МОҲИ ДИГАР ТАМДИД ШУД

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 20 августи соли 2024 замони ҳабси боз 4 муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунини шоми 22 марти соли 2024 ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русияро то 3 моҳи дигар тамдид кард. Дар он ҳамла 145 нафар кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи “Крокус” беш аз 20 нафар дастгир шудаанд, ки аксаран зодагони Тоҷикистонанд.

Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав (“Суды общей юрисдикции города Москвы”) хабар дод, ки  додгоҳи Басманний  рӯзи 21 август замони ҳабси зодагони Тоҷикистон Исломов Исроил Иброҳимович ва ду писари ӯ: Исломов Аминҷон Исроилович ва Исломов Диловар Исроилович, ҳамчунин муҳлати ҳабси зодаи Ӯши Қирғизистон Қосимов Алишер Ҳотамовичро барои 3 моҳи динар, яъне то 22 ноябри соли 2024 тамдид кард. Ҳар чори онҳо бар асоси қисми сеюми моддаи 205 Кодекси ҷиноятӣ ба даст доштан дар амали террористӣ, ки боиси ҳалокати шумори зиёди мардум шудааст, айбдор мешаванд.

Додрас Борис Сафарин мурофиаи ин 4 нафарро пӯшида эълон кард ва  аз ҳамаи онҳое, ки ҳаққи иштирок дар муҳокимаро надоранд, хост, то толорро холӣ кунанд. Аммо айбдоршавандагон ва адвокатҳои онҳо ба ин қарори додрас эътироз карданд ва хостори дар мурофиа иштирок кардани журналистон шуданд. Алишер Қосимов аз ҷумла бо овози баланд бо ишора ба журналистон ва аҳли ҷомиа гуфт: “Бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем!”

Алишер Қосимов ба он айбдор мешавад, ки хонааш дар вилояти Маскавро ба Фаридуни Шамсиддин ба иҷора додааст ва ин муҳоҷири тоҷик, ки мақомот ӯро саркардаи террористҳо мешуморанд, дар он хона ду тан аз шарикони худро ҷой кардааст. Қосимов исрор меварзад, ки аз қасди ҳамлаи террористӣ доштани иҷоранишинаш хабар надошт, зеро дар пешонаи ӯ навишта нашуда буд, ки террорист аст.

Падару ду писар Исломовҳо низ худро бегуноҳ мешуморанд. Исломовҳо зодаи Тоҷикистонанд, вале шаҳрванди Русия буда, дар вилояти Твер сабти ном шудаанд. Бино ба хабарҳо, писари хурдии ин хонавода Диловар Исломов соҳиби расмии ҳамон мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено” буд, ки ҳамлагарон шоми 22 март бо он мошин ба толори “Крокус” омада, баъдани куштани мардум аз он ҷо бо ҳамин мошин фирор карданд.

Исломовҳо гуфтаанд, ки Фаридуни Шамсиддин ин мошинро аз Аминҷон, ки шавҳари хоҳари Фаридун буд, барои ҳамчун такси кор кардан гирифта буд ва онҳо аз қасди ҳамлаи террористӣ доштани ӯву шариконаш дарак надоштанд. Исломовҳо чандин бор аз ҳукми ҳабси худ шикоят бурданд, аммо бенатиҷа.

 Тафтишот нисбат ба нақши Исломовҳо дар ҳамлаи Красногорск назари дигар дорад. Бино ба фарзияи тафтишот, саркардаи ҳамлагарон Фаридуни Шамсиддин ҳанӯз моҳи январи соли 2024 Аминҷон Исломовро ба ҳайъати гуруҳи ташкилдодааш ҷалб карда, бародари хурдии ӯ Диловар Исломов на дертар аз 11 март, яъне 11 рӯз қабл аз ҳамла, ба ин гуруҳ пайвастааст. Ба болои ин, Фаридуни Шамсиддин як муддат худро дар хонаи хоҳараш сабти ном карда будааст.

Ба ин тартиб, дар рӯзҳои охир додгоҳи Басманний алакай замони ҳабси 12 нафари муттаҳам дар ҳамлаи террористии Красногорскро барои 3 моҳи дигар тамдид кард. Ин додгоҳ рӯзи 16 август

замони ҳабси 4 муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи хунин ба толори консертҳои “Крокус”: Раҷабализода Саидакрам, Файзов Муҳаммадсобир, Фаридуни Шамсиддин ва Далерҷон Мирзоевро ва рӯзи 19 август замони ҳабси Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яқубҷони Юсуфзод ва Муҳаммад Шарифзодаро, ки  ба кумак расондан ба омилони асосии ҳамлаи “Крокус” айбдор мешаванд, низ то 22 ноябри соли 2024 тамдид карда буд.

Масъулияти ҳамлаи террористии шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорскро созмони террористии “Вилояти Хуросон”, ки пойгоҳҳои асосиаш дар Афғонистон ҷойгир шудаанд ва онро “шуъбаи шарқии ДОИШ” низ меноманд,  ба дӯш гирифтааст. Он шом 4 ҳамлагари мусаллаҳ вориди толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” шуда, издиҳоми тамошобинони ба консерти гуруҳи мусқии роки “Пикник” омадаро хунсардона тирборон карданд. Дар натиҷа, 145 кас кушта шуд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар робита ба ин ҳамлаи хунин беш аз 20 нафарро дастгир кардаанд. Қариб ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистонанд. Ин зарбаи сахте ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия зад. Ин кишвар суннатан як бозори асосии кор барои садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, фақиртарин кишвари собиқ СССР ба шумор меравад. Баъди ҳамлаи “Крокус” тафтиши шаҳрвандони тоҷики синнашон аз 14 то 59 дар марзҳои чӣ заминӣ ва чӣ дар фурудгоҳҳои Русия хеле шадид шуд ва муҳоҷирон мегӯянд, ки ба далели тафтиши телефонҳояшон то чандин соат ва гоҳо ҳатто чанд рӯз дар хатти марз дармемонанд. Муҳоҷирони машкук, бахусус онҳорое, ки риш доранд, ё дар телефонҳояшон мавридҳои сар задани онҳо ба сомонаҳои машкукро ошкор мекунанд, аз ҳамон хатти марз бидуни чуну чаро ба Тоҷикистон пас мефиристанд.

Мавҷи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия имсол хеле афзоиш ёфта, дар 6 моҳ беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2023, аз Русия 11 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button