ВидеоМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ. Ӯ ИҚРОР КАРД, КИ ПОЛКОВНИК СЕЛЕЗНЁВРО БАРОИ ПУЛ КУШТААСТ

Расонаҳои Русия номи нафари муттаҳам ба ҳамлаи ваҳшиёна бо табар ба як зану шавҳари солхӯрда дар Новая Москваро нашр карданд. Ӯ зодаи Тоҷикистон Назаралӣ Султонов, соли таваллудаш 1986 будааст. Ҷасади ба хун оғӯшта ва алакай беҷони полковники мустаъфии 84-сола Виктор Селезнёвро шоми 19 августи соли 2024 дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Полёт” дар деҳаи Яртсевои ноҳияи  Красная Пахра пайдо карданд. Ҳамсари 82-солаи ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурданд ва ба табибон муяссар шуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Шоми 20 август Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия дар Телеграм-каналаш сабти видеоии лаҳзаҳои бозпурсии нафари муттаҳам ба қатли полковник Селезнёвро нашр кард. Аз ин сабт бармеояд, ки дастгиршуда Селезнёвҳоро хуб мешинохт, чунки он шоми наҳс ба хонаи онҳо барои қарзпурсӣ рафтааст. Бино ба фарзияе, ки Султонов дар ин видео нақл мекунад, ӯ як фарзанди маъюб дорад ва барои ҷарроҳии ӯ ба пул ниёз дошт. Гӯё  полковник Селезнёв дар аввал розӣ шудааст, ки кори ӯро буд карда, қарзаш бидиҳад, вале дар охир дархости Султоновро рад мекунад ва ӯ ба замин далел соҳибхонаро мекушад. Султонов нақл кард, ки ӯ ҳамсари Селезнёвро барои он куштанӣ шуд, ки шоҳидро аз байн бубарад ва изи ҷинояташ пинҳон бимонад.

Ӯ ба ҳамин мақсади пӯшондани изи ҷинояташ хонаи Селезнёвҳоро оташ заданӣ шудааст, вале ҳамсояҳо алангаи сӯхтор ва як марди бегона дар назди хонаи Селезнёвҳоро дида, ба мақомот хабар додаанд. Зану шавҳар нафақат аз сари худ чанд зарбаи табар хӯрда буданд, балки дасту пояшон ҳам сӯхта буд. Полковники солхӯрда алакай то омадани табибон ҷон дода буд, вале ҳамсараш ба таври мӯъҷизавӣ зинда монд: ӯ ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон аст.

Назаралӣ Султонов ҳамчунин нақл кард, ки баъди содир кардани ҷиноят  қабл аз фирор корти бонкии Селезнёвҳоро низ бо худ гирифта, онро ба рақами телефонаш часпондааст. Пулис маҳз тавассути ҳамин корти бонкӣ шахсият ва макони будубоши гумонбаршавандаро муайян ва ӯро ба таври фаврӣ алакай баъди чанд соати содир шудани ҷиноят дастгир кард.

Додситонии шаҳри Маскав қаблан хабар дода буд, ки марди кушташуда 84-сола (соли таваллудаш 1940) ва занаш 82-сола (соли таваллудаш 1942) будаанд. Расонаҳои Русия хабар доданд, ки марди кушташуда полковники мустаъфии ВВС, нирӯҳои ҳавоии Артиши Шӯравӣ будааст.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав  хабар дод, ки дар робита ба ин ҳамлаи хунини бераҳмона бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор ва бар асоси қисми сеюми моддаи 30, қисми дуюми моддаи 105 бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Алакай баъди чанд соат мақомоти тафтишотӣ аз боздошти гумонбаршаванда ва ангезаи ӯ хабар доданд, ки “ангезаи ҷиноят пул будааст”.

Ба ин зодаи Тоҷикистон барои куштор бар асоси қисми якуми моддаи 105 аз 6 то 15 соли зиндон ва бар асоси қисми дуюми ин модда барои сӯиқасд ба куштори ду нафар аз 8 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар, Худое нокарда, зани ҷабрдида низ бимирад, Назаралӣ Султоновро метавонанд барои умрбод низ ба зиндон афкананд.

Дар маҳбасҳои Русия, бино ба оморҳо, аз 7 то 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Аксари онҳо барои ҷиноятҳое, чун тақаллуби санадҳо, садамаҳои марговар, авбошӣ, дуздӣ ва дигар қонуншиканҳои амсоли ин ба зиндон афтодаанд. Вале дар байни маҳбусони тоҷик дар Русия садҳо нафаре ҳам ҳаст, ки барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнинтар, асосан барои қочоқи маводи мухаддир,  ва қисме барои ғоратгариву роҳзанӣ ё одамкушӣ зиндонӣ шудаанд.

Деҳаи Яртсево дар ҳудуди ноҳияи  Красная Пахраи ҳавзаи маъмурии Троитск ва Новая Москва ҷойгир шудааст. Ҳарчанд Яртсево аз лиҳози маъмурию ҳудудӣ ба қаламрави шаҳри Маскав шомил мешавад, вале дар фосилаи тақрибан 70-километрии ҷанубуғарби пойтахти Русия ва дар фосилаи 23 километр аз шаҳраки Троитск ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button