МУСОДИРАИ МИҚДОРИ ЗИЁДИ ПУЛҲОИ ҚАЛБАКИИ СОМОНӢ ВА РУБЛ ДАР ДУШАНБЕ (3 АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 20 августи соли 2024 аз дарёфт ва мусодираи пулҳои қалбакӣ ба маблағи бузург хабар дод.
Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, чандв ақт боз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз паҳншавии асъори сомонии қалбакӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳар гуна хабарҳо паҳн гардида, боиси изтироби шаҳрвандон гардида буд.
Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-2 ноҳияи Сино дар натиҷаи як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Саъдиев Додихудо Рустамович санаи таваллудаш 03.10.1996 сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Зимни кофтуков аз Додихудо Саъдиев 70 адад купюраҳои 500 сомона, 46 адад купюраҳои 200 сомона ва 9 адад 5-ҳазораи рубли русӣ дарёфту мусодира карда шуданд. Маълум шудааст, ки ҳамаи ин пулҳои мусодирашуда қалбакӣ будаанд.
Милитсия аз онҳое, ки мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, хост, то тавассути рақамҳои 2210057, 2355688 ва 2400451 ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Ин ягона мавриди боздошти шаҳрвандон дар Душанбе бо пулҳои қалбакӣ нест.
Рӯзи 1 июли соли 2024 милитсияи пойтахт аз боздошти шаҳрванд Катамардов Тоиршоҳ Олимшоевич, санаи таваллудаш 21.02.1997, сокини ш.Душанбе, барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, дар ҷараёни тафтишот муайян гардид, ки Катамардов долларҳои қалбакиро тавассути як ҳаммаслакаш аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст. Аз ҷумла, ӯ қарзаш ба як ҷавони сокини пойтахтро бо 11 купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт карда, ӯро фиреб кардааст. Ҳамзамон, баъди боздошт, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21 купюраи 100-доллараи қалбакӣ ёфт ва мусодира кардаанд.
Аз он қабл рӯзи 29 июн РВКД Душанбе хабар дод, ки Саидов Ибодулло Аҳмадович, санаи таваллудаш 20.03.1973, низ барои сохтану ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ дастгир карда шуд. Гуфта мешавад, Ибодулло Саидо, ки қаблан барои қаллобӣ ва қочоқи маводи мухаддир 3 маротиба зиндонӣ шуда, беш аз 25 соли умри худро дар маҳбас сипарӣ кардааст, ин дафъа аз моҳи апрели соли 2024 дар манзили истиқоматиаш бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳи чоп (принтер) пулҳои миллии қалбакиро бо роҳи сохтакорӣ омода ва чоп кардааст. Аз ҷумла ӯ дар 12 ҳолат пулҳои 50 сомониии қалбакиро тавассути терминалҳои бонки “Душанбе Сити” ба ҳамёни электронии худ гузарондааст.
Саидов нақл кард, ки барои тавассути терминал гузарондани пул аз як ҳилаи махсус истифода мебурд: “Пули қалбакиро терминал қабул намекунад. Ба ин хотир, ман як пули қалбакӣ ва як пули ҳақиқии 50 сомониро гирифта, мебуридам ва ба якдигар тавре пайваст мекардам, ки кодҳояшон тақсим шавад. Вақте ин хел пайваст мекардам, терминал қабул мекард”.
Ибодулло Саидов аз як “бозёфт”-и ҷолиби худ дар ҷараёни анҷоми ин аъмоли ҷиноӣ хабар дод ва гуфт, маълум кардааст, ки пули аз ҳама заиф дар байни пулҳои сомонӣ пули 50 сомонӣ будааст: “Якум бор пули 10 сомониро гирифта, тайёр кардам, лекин терминал қабул накард. Баъди пули 100 сомонӣ ва дигар пулҳои сомониро сохтакорӣ кардам ва дидам, ки онҳоро низ терминал қабул намекунад. Аммо вақте ки пули 50 сомониро буридаму бо скотч пайваст кардам ва ба терминал супурдам, терминал қабулаш кард. Ҳамин хел фаҳмидам, ки пули 50 сомонӣ мегузаштааст дар терминал, дигар ягонтоашро қабул намекунад. Ягон 2 ҳазор сомониро ман ҳамин хел аз тариқи терминал ба кортам гузаронда, баъд нақдӣ карда гирифтам…”
Моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сохтан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндонро муқаррар кардааст.