ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ФАРХОР, ҒОРАТИ ТЕЛЕФОНИ ЯК КӮДАК ВА…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 августи соли 2024

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

Шаби 19-уми августи 2024, тахминан соати 21:10, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор аз рӯи хусумат ба мағозаи фурӯши ашёҳои рӯзгор даромада, аз он ҷо як корди хоҷагиро харидорӣ кардааст ва сипас дар маркази деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор бо марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия дар дохили мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 5 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Ғорат намудани телефони мобилӣ аз ноболиғ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:00, дар назди бинои истиқоматиаш шахсони номаълум аз дасти писари ноболиғи 12-солааш бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи  “Редми-9”-ро  тасарруф намуда, аз ҷойи  ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани зани 47-сола бо ҷурми дуздӣ 

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи пирамарди 72-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми августи соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Ҳалокати дучархарон бар асари садамаи нақлиётӣ

Шаби 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:14, ронандаи мошини тамғаи «Хово», Эгамбердиев Икромҷон Маҳмудҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат  дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, дар назди корхонаи хиштбарорӣ, ки дар роҳи асосӣ қарор дорад, ба дучархарони тамғаи «Скутер» Ҷумахмедов Ҷафар Ҳабибович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.  Дар натиҷа, дучархарон Ҷумахмедов Ҷ.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button