ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТО 1000 ДОЛЛАР! ҶАРИМАИ ВАЗНИНИ РОНАНДАГОНИ ДУ МОШИНИ СИЁҲШИША ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли 2024 аз боздошт ва муҷозоти боз ду ронанда барои бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳояшон хабар дод. Бар илова, яке аз ин ронандаҳо дар мошинаш серена низ доштааст.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, Ғафуров Фирӯзҷон Мирзораҳимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “КИА”, рақамҳои қайди транзитиаш С 85 17 v07, аз ҷониби кормандони БДА дастгир карда шуд. Ғафуров Фирӯзҷон дар баробари бе иҷозатномаи сиёҳшиша идора намудани воситаи нақлиёт, ҳамзамон дар мошинаш дастгоҳи махсуси садодиҳанда (серена) насб кардааст.

Вобаста ба ин, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаҳои 330 ва 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид. Ҳаҷми ҷарима гуфта нашудааст, вале моддаи 316 барои насби серена ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 360 сомонӣ)-ро муқаррар кардааст. Бар асоси моддаи 330, барои бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои мошин, ҷарима ба андозаи то 150 нишондиҳанда (яъне то 10 ҳазору 800 сомонӣ, ё қариб 1000 доллар) пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои милитсия, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, Илҳоми Баҳриддин, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Лендкрузер”, рақамҳои қайди давлатиаш 10 00 НН 20 боздошт карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда оинаи пеши воситаи нақлиёти худро бо плёнкаи сиёҳ пурра рӯйпӯш (наповал) намудааст.

Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 330 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10 800 сомонӣ (қариб 1000 доллар) таъйин карда шуд.

Худи Ғафуров Фирӯзҷон ва Илҳоми Баҳриддин барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Сиёҳ кардани шишаҳои мошин (тонировка) дар Тоҷикистон хароҷоти хеле зиёд дорад ва бар илова, нархи он сол ба сол болотар меравад. Ронандагон бояд ҳар сол иҷозатнома барои шишаҳои сиёҳи мошинҳои худро тамдид кунанд. Соли 2024 иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои сохташон то соли 2005 ҳудуди 4 ҳазору 600 сомонӣ (тақрибан 420 доллар)-ро ташкил медиҳад. Нархи “андоз” барои шишаҳои сиёҳи мошинҳои ҷавонтар аз соли 2005 боз ҳам бештар, дар ҳаҷми 6 ҳазору 100 сомонӣ, ё тақрибан 550 доллар баровард шудааст.

Ронандагон дар Тоҷикистон чандин сол боз аз мақомот хоҳиш доранд, ки бо назардошти иқлими беҳад гарми кишвар ин “андоз” аз шишаҳои сиёҳро ё комилан аз байн бубаранд, ваё ҳадди ақал ба мисли кишварҳои ҳамсоя арзонтараш кунанд. Вале мақомот аз пазируфтани ин пешниҳоди ронандагон сар мепечанд.

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 316. Риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт

Барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд,

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).

Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост

(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 577)

1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ ва ё бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986),

ба андозаи як саду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1986, аз 20.06.2024 № 2051).

2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,

ба андозаи як саду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).

3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо,

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).

4. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо,

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).

5. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,

ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1901, аз 20.06.2024 № 2051).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button