ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД ДАР ОБАНБОРИ НОРАК ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 августи соли 2024  кормандони раёсати хадамоти вижаи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ва ғаввосон аз хадамоти ҷумҳуриявӣ баъди 4 рӯзи ҷустуҷӯҳо билохира ҷасади як шаҳрванди ғарқшудаи Ӯзбекистонро дар обанбори нирӯгоҳи Норак пайдо карда, аз об берун овардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 17 августи соли 2024, як ҷавонмарди 28-солаи сокини вилояти Самарқанди Ӯзбекистон, ки барои истироҳат ба Тоҷикистон омада буд, ҳангоми оббозӣ дар обанбори нирӯгоҳи Норак ғарқ шуд.

Барои ҷустуҷӯи ҷасади ӯ билофосила корҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ андохта шуданд, вале ҷустуҷӯи ҷасад 4 рӯз давом кард.

Билохира рӯзи 20 август, соати 14:20, ғаввосон ҷасадро пайдо карда ва аз об бароварданд. Ҷасад барои таҳқиқ ва интиқоли минбаъда ба зодгоҳи марҳум, вилояти Самарқанд, ба дастим ақомоти марбута супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони марҳум, бори дигар аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки қоидаҳои оббозиро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худро дар хатар наандозанд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумоа 87 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд. Имсол, бо вуҷуди онки мавсими оббозӣ ҳанӯз идома дорад, дар бораи ғарқ шудани тақрибан 140 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Беш аз нисфи ин ғарқшудагонро низ кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button