ВидеоИқтисод

НАМОИШГОҲ ВА ҶАШНВОРАИ ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. ҶОИ ЯКУМРО ГӮСФАНДИ 192-КИЛОГИИ УМАР АЛИМАТОВ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Рӯзи 17 август дар Ҳисор намоишгоҳ ва ҷашнвораи байналмилалии гӯсфандони ҳисорӣ баргузор шудааст. Чорводорон аз саросари ҷумҳурӣ ба ин намоишгоҳ беш аз 500 сар намунаҳои беҳтарини ин зоти гӯсфандро барои намоиш оварданд.

Зоти гӯсфанди ҳисорӣ як мояи ифтихори чорводорони тоҷик ба шумор меравад. Ин зоти гӯсфанд зоти сергӯшту серравған дониста шуда, вазнаш то 200 кило мешавад. Тақрибан чоряки вазни гӯсфанди ҳисориро дунбаи бузургаш ташкил медиҳад. Дунбаи бузург аломати асосии зебоӣ ва сифати ин зоти гӯсфанд мебошад.

Бино ба гузориши Карина Нарзикулова, хабарнигори шабакаи Мир24.ТВ, чорводор Раҷабалӣ Одинаев, ки дар рамааш дар шарқи Тоҷикистон тақрибан 2500 гӯсфанд дорад, ба ҷашнвораи гӯсфанди дӯстдоштааш бо лақаби Зардакро овардааст.

Раҷабалӣ Одинаев мегӯяд: “Зоти гӯсфанди ҳисорӣ бо сифати баланди равғанаш фарқ мекунад. Гӯсфандони мо ҳар кадом то 150 кило гӯшт медиҳанд. Ин зоти гӯсфанд хеле тануманд буда, фосилаҳои бузурги то 500 километрро метавонанд тай бикунанд”.

Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, “гӯсфанди ҳисорӣ ҳанӯз дар асрҳои

V-VII  тавассути дурагакунӣ бевосита аз тарафи худи мардум ихтироъ шудааст”.

Дар ҷашнвора ғолибонро аз нигоҳи тану тӯш, син, вазн, намуди зоҳирӣ, маҳсулнокӣ ва то куҷо хушзот буданаш муайян карданд. Дар ниҳоят, ҷоизаи асосӣ ва унвони қаҳрамони мутлақ дар байни гӯсфандони ҳисорӣ ба гӯсфанди сиёҳе аз рамаи Умар Алиматов дода шуд. Ин гӯсфанди чемпион нафақат қадду басти зебо, балки 192 кило вазн ҳам дошт.

Ба Умар Алиматов барои пирӯзиаш дар ҷашнвора ҳамчун ҷоиза 3 гектар замини обӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, соли 2023 дар Ҳисор, ки ватани ин зоти гӯсфанд дониста мешавад, муҷассамаи гӯсфанди ҳисорӣ гузошта шуд.

Гӯсфанди ҳисорӣ як зоти дуруштпашму дунбакалони гӯсфанди маҳаллист, ки аз лиҳози ҷуссаву вазн бузургтарин гӯсфанди ҷаҳон ба шумор рафта, асосан барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ҳарчанд дар бораи пайдоиши гӯсфанди ҳисорӣ чун дигар гӯсфандони дунбадор то ҳол маълумоти аниқе дар даст нест, вале бовар меравад, ки гӯсфанди ҳисориро дар водии Ҳисор рӯёндаанд. Аз он ҷо рамаҳои чунин гӯсфандонро барои фурӯш ба бозори шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Қаршӣ ва ғ. мебурданд.

 Сайёҳи машҳури итолиёӣ Марко Поло дар «Китоби Марко Поло» (1298) шояд гӯсфанди ҳисорӣро дар назар дошта бошад,  ки навиштааст, ки «гӯсфандон худи хар барин; думбаашон ғафсу калон… гӯсфандони хушнамуду серравған, гӯшташон хуштаъм».

 Гӯсфанди ҳисорӣ нисбат ба дигар гӯсфандони дунбадор калонҷусса буда, сару баданаш пурра ва қаду басташ зебост; зуд калону фарбеҳ мешавад. Қади қӯчқораш (то сари дӯш) 80-85 см (баъзан то 1 м, вазнаш 120-140, баъзан то 195 кг), мешаш 75-80 см (вазнаш 80-85 кг) аст. Вазни зиндаи барраи навзод 5-7, барраҳои 5-моҳа 40-50 (баъзан 55-60), 18-моҳа 70-90 кг мешавад.

Солҳои 1950-60 гӯсфанди ҳисориро барои беҳтар кардани зоти гӯсфандони маҳаллии ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ истифода бурда, дар Тоҷикистон аз он зоти нави гӯсфанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд. Рамаҳои хушзоти гӯсфанди ҳисорӣ дар ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд, ҳамчунин дар ноҳияи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвариш карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button