ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонСиёсатҶанг дар Украина

РУСИЯ БА ЗИДДИ ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОН ТАҲРИМОТ ҶОРӢ КАРД

Русия рӯзи 19 августи соли 2024 дар идомаи ҷанги таҳримҳо бо кишварҳои Ғарб ба зидди 32 нафар аз намояндагони марказҳои таҳлиливу машваратӣ ва дигар ниҳодҳои марпбут ба Британияи Кабир, аз ҷумла ба зидди 5 тан аз роҳбарони Бунёди Оғохон, бо шумули раҳбари ин бунёд пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорум, ки дар Тоҷикистон низ беш аз 200 ҳазор пайрав дорад, таҳримот ҷорӣ кардааст. Ин 32 нафар аз ҷумла аз имкони дарёфти раводиди сафар (виза) ба Русия маҳрум карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия афроди таҳти таҳримот қарордодашударо нафароне номад, ки “нисбат ба Русия хатти душманиро пеш мебаранд”.  Ин вазорат таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи сиёсати душманонаи Лондон нисбат ба Маскав ин рӯйхатти сиёҳи “душманони Русия” боз ҳам калонтар хоҳад шуд. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки Бунёди Оғохон, ки як созмони сирф кумакҳои башарист, ба кадом далел мавриди чунин қаҳру итоби Маскав қарор гирифтааст?

Дар баробари  Оғохони чорум аз Бунёди Оғохон ҳамчунин боз 4 нафари дигар аз раҳбарони ин созмон: Кристофер Эндрю Уилтон-стир, Мэтт Рид, Ализа Митха ва Николас Макграт таҳти таҳримҳои Русия қарор гирифтаанд.

Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки “марказҳои таҳлиливу машваратӣ ва дигар ниҳодҳои ҳамсон дар талошҳои душманонаи Лондон нақши қобили мулоҳиза доранд” ва “баҳои коршиносонаи онҳо ва вазифаҳои гузоштаи онҳо, ки бисёр вақт ҳамроҳ бо дахолат дар умури дохилии кишварҳои хориҷӣ сурат мегирад, дар амалӣ сохтани сиёсати ҷамеи Ғарб ба зидди Русия ба таври фаровон истифода бурда мешавад”.

Ҳамин тавр, Маскав ин марокизи таҳлиливу машваратиро айбдор кардааст, ки “тавассути расонаҳои ба онҳо дастрас ва шабакаи Интернет маълумоти бардурӯғро нашр карда, обрӯи давлати Русияро мерезонанд ва бо ин роҳ нокомона кӯшиш мекунанд, ки вазъи сиёсиро дар дохили кишвари мо ба ҳам бизананд”.

Вазорати хориҷаи Русия афхуд, ки ин созмонҳо “ба хотири иҷрои фармоиши кураторҳояшон аз Лондон, ки қасди дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ дар инзивоъ қарор додани Маскавро дар сар доранд, дар кишварҳои ба Русия дӯст фаъолиятҳои харобкоронаро ба роҳ андохта, суботу некӯаҳволии халқҳои сокини ин кишварҳоро ба ҳам заданианд”.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла пешвои исмоилиёни Тоҷикистон, 88 сол дорад. Оғохони IV  11 июни соли 1957, вақте ба ҷои бобояш ба тахти имомат нишаст, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯ буд. Ӯ инак 67 сол боз раҳбарии исмоилиёни дунёро бар дӯш дорад ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони Ислом дар арсаи диниву сиёсии дунёи имрӯза  эътироф шудааст. Соли 2017 Созмони Милали Муттаҳид дар солгарди шастуми ба тахти имомат нишастани Оғохон ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони чорум супурд ва ӯро яке аз чемпиoнҳои рақами як дар роҳи ислоҳи ҷаҳони имрӯза унвон карда буд.

Аксари сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ пайрави мазҳаби Исмоилия буда, Оғохонро  раҳбари рӯҳонии худ медонанд ва Ҳозиримом номаш мебаранд. Шоҳзода Карим Оғохон бори аввал моҳи майи соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳар сол ҳамчун Рӯзи Нур ҷашн гирифта мешавад.

Шоҳзода Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Падари ӯ Алӣ Салмон Хон ва модараш Тоҷуддавла Алӣ Хон (Ҷоанн Ярд Баллер, духтари барон Чёрстон) мебошанд.

Карим Оғохон маълумоти миёнаро дар Institut Le Rosey – яке аз мактабҳои машҳури Швейтсария гирифта, соли 1959 Донишгоҳи Ҳарварди Амрико – яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии ҳам Амрикову ҳам дунёро хатм кардааст.Карим Оғохон дар ҷавониаш варзишгар ҳам буд ва соли 1964 дар Олимпиадаи зимистона дар Инсбруки Австрия дар мусобиқаи лижаронӣ ширкат кард.

 Бобои ӯ Муҳаммад Оғохони III қабл аз вафоташ мақоми имоми исмоилиҳоро на ба яке аз ду писараш, балки ба наберааш Карим Оғохон васият кард. Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш замоне ба мақоми имоми исмоилиҳо расид, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯи Ҳарвард дар риштаи таърихи Ислом буд. Дар пайи расидан ба мақоми имоми исмоилиҳои дунё маликаи Британия Елизавета ба Шоҳзода Карим Оғохон унвони “Аълоҳазрат”-ро ато кард.

Оғохон 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ва насли 49-ум аз фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи Заҳро (духтари Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад,

Шоҳзода Карим Оғохон тавонист дар давраи раҳбариаш бар исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва маорифиро бунёд кунад. Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ ба шумор меравад, ки ба садҳо ҳазор нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон кумак мерасонад. Сокинони Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз кумакҳои хайрияи Бунёди Оғохон мардуми ин вилоятро аз чанги гуруснагӣ раҳонд.

Шабакаҳои Оғохон ҳамчунин муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо бахшҳояш дар Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд. Ҳамин тавр, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги Исмоилиҳо ва Осорхонаи Карим Оғохон бунёд шудаанд. Нирӯгоҳи Помир-1, шабакаи меҳмонхонаҳои Серена ва ширкати ТСел Тоҷикистон аз муассисаҳои иқтисодиву тиҷоратиест, ки аз тарафи шабакаҳои Оғохон чархонда мешаванд.

Шоҳзода Карим Оғохон 4 фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оғохон, шаҳзода Раҳим Оғохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз ҳамсари аввалаш Бегим Салима Оғохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз ҳамсари дуюмаш Бегим Инора Оғохон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button