ВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

НАҶОТИ ДУ КӮҲНАВАРДИ РУСИ ГУМШУДА ДАР ҚУЛЛАИ ОЗОДӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Наҷотбахшони тоҷик ду кӯҳнаварди русро дар натиҷаи як амалиёти ҷустуҷӯ дар атрофи  қуллаи Озодӣ (собиқ қуллаи Корженевская) пайдо кардаву наҷот додаанд. Ин ду кӯҳнавард рӯзи 16 августи соли 2024 ғайб зада буданд. Ҳардуро рӯзи 19 август ба Душанбе овардаанд ва қарор аст, 21 август онҳо ба Русия ба пеши наздикони худ баргарданд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20 августи соли 2024 хабар дод, ки рӯзи 16 августи соли 2024 ба сафорат дар бораи ҳангоми фатҳи қуллаи Корженевская, сеюмин қуллаи баландтарини Тоҷикистон, гум шудани ду кӯҳнаварди рус маълумот расидааст.

Бахши консулии сафорат ба таври фаврӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар тамос шудааст ва “дар натиҷаи баргузории амалиёти наҷотдиҳӣ шаҳрвандони Русия пайдо карда шуда, рӯзи 19 августи соли ҷорӣ ба Душанбе расонда шуданд”. Сафорати Русия бо изҳори сипос ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар афроди дахил дар ҷустуҷӯи шаҳрвандони Русия афзуд, ки “вазъи саломатии сайёҳон хуб буда, онҳо бо хешовандони худ тамос гирифтанд ва нақша доранд, ки 21 август ба Русия парвоз кунанд”.

Номи кӯҳнавардони наҷотдодашуда ва тафсилоти дигари амалиёти наҷоти онҳо нашр нашудааст.

Ва аммо бо вуҷуди расман ба қуллаи Озодӣ иваз шудани номи қулла, сафорати Русия дар иттилоияаш ҳамчунон сарсахтона онро қуллаи Корженевская ном бурдааст.

Ёдовар мешавем, дуруст як сол қабл – 19 августи соли 2023 – 13 кӯҳнаварди руси ҳангоми фатҳи қуллаи Озодӣ осебдида аз як бошгоҳи кӯҳнавардӣ аз шаҳри Дзержински вилояти Маскавро наҷотбахшони тоҷик бо чархболи ширкати “Сомон Эйр” аз қароргоҳашон дар майдони Москвин, воқеъ дар баландии 4300 метр аз сатҳи баҳр, ба таври оҷил ба Душанбе интиқол дода, 4 кӯҳнаварди осебдидаро дар бемористон бистарӣ карданд.

Сардори Сарраёсати ҳимояти аҳолӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон генерал Ҷамшед Камолзода он вақт хабар дода буд, ки: “13 кӯҳнавард баъди фатҳи қуллаи Корженевская (баландиаш 7105 метр аз сатҳи баҳр) пойин мефаромаданд. Дар ин асно яке аз онҳо ба ҷарӣ афтода, ҷароҳат бардоштааст. Кӯҳнавардони дигар худашон ӯро то майдони Москвин оварда, сипас наҷотбахшонро даъват кардаанд. Аз 4 кӯҳнаварди осебдидае, ки дар Душанбе ба дасти табибон супурда шуданд, як кӯҳнавардро бо қабурғаҳои шикаста, якеи дигарро ба далели сард задан (обморожение) ва як занро бо шамолхӯрдагии шадид бистарӣ кардаанд. Ҳамаи онҳо ҳамчунин бемории кӯҳ гирифтор шудаанд”.

Қуллаи Озодӣ дар тақрибн 285-километрии шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати Лахши болои ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст.

Ин қулларо ҷуғрофишиноси рус Николай Корженевский соли 1910 кашф карда, ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 № 282 номи қуллаи Корженевская ба қуллаи Озодӣ иваз карда шуд.

Баландии қуллаи Озодӣ 7105 метр буда, он  яке аз 5 қуллаи аз 7 ҳазор метр баландтар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Ин қулла дар қаторкӯҳи Академияи наук, 13 километр шимолтари қуллаи  Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button