“ҶИН”-Е, КИ ДАР ВАҲДАТ МАРДУМРО МЕТАРСОНД, ПАЙДО ВА ДАСТГИР КАРДА ШУД!(ВИДЕО)

Махлуқи ношиносе, ки чандин рӯз сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои атрофи онро безобита мекарду мардум онро “ҷин” гумон мекарданд, дар асл як марди африқоитабор будааст, ки аз гуруснагӣ дар ҷустуҷӯи ягон хӯрданӣ шабҳо ба хонаҳои сокинон медаромадааст. Мардум дар Ваҳдат аз тарси ин “ҷин” ҳатто шабона дар атрофи деҳаҳо посгоҳҳо ташкил карда буданд.
Рӯзи 20 августи соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки “ҷин”-и Ваҳдат билохира ёфт ва дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои нашршуда, дар асл дастгиршуда Дани ном шаҳрванди кишвари африқоии Уганда будааст, ки ӯро мардум ҷину аҷина гумон бурда, чанд шаб аз тарс хоб накардаанд.
Дар хабари нашршуда гуфта мешавад, ки зимни бозпурсӣ муайян карда шудааст, ки Дани аз гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки барои дарёфти нон ё ягон хӯрданӣ шабҳо ба хонаҳои сокинон дарояд. Ӯ ин корро шабҳо анҷом медодааст.
Як шаб сокинон барои боздошти Дани аз пасаш медаванд ва Дани аз тарс аз болои бомҳои хонаҳо парида, фирор кардааст. Чусту чолокии ӯ ҳангоми фирор ба тарсу таҳлукаи мардум дар Ваҳдат боз ҳам афзуда, бархе ӯро ба кенгуруи одамсимо ва бархе ба марди анкабут (человек-паук) монанд кардаанд.
Маълум нест, ки Дани кай ва чӣ гуна ба Тоҷикистон омадааст ба чӣ сабаб дучори чунин ҳолати тоқатфарсо гардида, ҳатто гуруснагӣ кашидааст? Он ҳам дар кишваре, ки мардумаш бо меҳмоннавозии худ шуҳрат доранд.
Чанд рӯз қабл дар Интернет видеои “боздошти ҷин дар Ваҳдат” сарусадои зиёд ба по кард. Муаллифи видео навишта буд, ки “ҷин” гӯё 3 шабонарӯз боз ҳамаро метарсонд ва мардуми Ваҳдат шабҳо хоб надоштанд. Аммо тавре ба назар мерасид, шикори гӯё “ҷин” дар Ваҳдат бо боздошти як ҷавони сиёҳпӯст анҷом ёфтааст.
Дар видеои нашршуда, дар дохили як мошин ҷавони сиёҳпӯсти зоҳиран африқоитаборе дида мешуд, ки мардумро ҳангоми ҷустуҷӯи “ҷин” ӯро дар Ваҳдат дастгир кардаанд. Маълум нест, ки ӯ кай ва мушаххасан дар кадом гӯшаи шаҳри Ваҳдат ё деҳоти атрофи он дастгир шудааст?
Дар видео ду нафар бо пироҳанги рангаш сафеди милисагӣ низ дида мешуданд, ки якеаш дастгиршударо ба мошин савор мекард ва дуюмӣ дар дасташ як зарфи об дар паҳлуи дастгиршуда дар мошин нишастааст.
Вақтҳои охир дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар Исфараву Конибодом ва Панҷакент, низ овозаҳо дар бораи пайдо шудани шабаҳҳои машкук ваё афроде, ки гӯё худро кормандони мақомот вонамуд карда, ба хонаҳои мардум ҳамла мекунанд, паҳн шуда буд.


