ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “ХОВАРОН” ДАР ПОЙТАХТ НАВРАСИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААСТ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 августи соли 2024
Ошкор шудани ҳолатҳои авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 13-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 18-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 20:10-дақиқа, ҳангоми дар таваққуфгоҳи назди бозори “Ховарон” қарор доштанаш бо ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба рони пойи росташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ аризаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 18-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 23:00, ҳангоми дар ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ қарор доштанаш марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси чапи синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бо роҳи зӯроварӣ гирифтани телефони мобилӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи Варзоб ворид гардидааст, ки субҳи барвақти 19-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 04:30, ҳангоми дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Сино қарор доштанаш марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Айфон-7”-ро гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

