ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАМЛА БО ТАБАР БА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОЛХӮРДА ДАР НОВАЯ МОСКВА. МАРД ҶОН БОХТ, ЗАН – ДАР БЕМОРХОНА

Шомгоҳи 19 августи соли 2024, дар як хонаи хусусӣ дар деҳаи Яртсево дар минтақаи Новаяи Москваи шаҳри Маскав  ҷасади як марди солхӯрдаро бо аломатҳои марги маҷбурӣ  ва ҳамсари ӯро бо захмҳои сангин пайдо карданд.  Бино ба гуфтаи тафтишот, ба ин зану шавҳар бо табар ҳамла кардаанд. Шавҳар дар ҷои ҳодиса ҷон додааст, вазъи ҳамсари ӯро табибон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Додситонии шаҳри Маскав дар Телеграм хабар дод, ки ин ҷинояти даҳшатбор дар маҳаллаи Михайлово-Яртсевское, воқеъ дар фосилаи 2 километр аз деҳаи Яртсево дар Новая Москва рух дода, марди кушташуда 84-сола (соли таваллудаш 1940) ва занаш 82-сола (соли таваллудаш 1942) будаанд. Расонаҳои Русия хабар доданд, ки марди кушташуда полковники ВВС, нирӯҳои ҳавоии Артиши Шӯравӣ будааст.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав  дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки дар робита ба ин ҳамлаи хунини бераҳмона шуъбаи тафтишоти ҳавзаи маъмурии Троитск ва Новая Москва бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор ва бар асоси қисми сеюми моддаи 30, қисми дуюми моддаи 105 бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Алакай баъди чанд соат мақомоти тафтишотӣ аз боздошти гумонбаршаванда хабар доданд.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав дар Телеграв навишт: Бо шарофати фаъолияти муштараки муфаттишон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳтарин макони будубоши гумонбаршаванда муайян ва ӯ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда як марди 38-солаи зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯро ба идораи тафтишоти шаҳри Маскав дастрас кардаанд ва бо вай амалҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд”.

Ба дунбол, мақомоти тафтишотӣ эълон карданд, кти ангезаи ҳамла ба ин зану шавҳари солхӯрдаро ҳам муайян карданд: “Ангезаи ҷиноятӣ пулу мол будааст”.

Қарор аст, алакай рӯзи 21 август тафтишот ба додгоҳи ноҳияи Троитск ҷиҳати ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбаршаванда муроҷиат кунад.

Ба ин зодаи Тоҷикистон барои куштор бар асоси қисми якуми моддаи 105 аз 6 то 15 соли зиндон ва бар асоси қисми дуюми ин модда барои сӯиқасд ба куштори ду нафар аз 8 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар, Худое нокарда, зани ҷабрдида низ бимирад, ӯро метавонанд барои умрбод низ ба зиндон афкананд.

Дар маҳбасҳои Русия, бино ба оморҳо, аз 7 то 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Аксари онҳо барои ҷиноятҳое, чун тақаллуби санадҳо, садамаҳои марговар, авбошӣ, дуздӣ ва дигар қонуншиканҳои амсоли ин ба зиндон афтодаанд. Вале дар байни маҳбусони тоҷик дар Русия садҳо нафаре ҳам ҳаст, ки барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнинтар, асосан барои қочоқи маводи мухаддир,  ва қисме барои ғоратгариву роҳзанӣ ё одамкушӣ зиндонӣ шудаанд.

Деҳаи Яртсево дар ҳудуди ноҳияи  Красная Пахраи ҳавзаи маъмурии Троитск ва Новая Москва ҷойгир шудааст. Ҳарчанд Яртсево аз лиҳози маъмурию ҳудудӣ ба қаламрави шаҳри Маскав шомил мешавад, вале дар фосилаи тақрибан 70-километрии ҷанубуғарби пойтахти Русия ва дар фосилаи 23 километр аз шаҳраки Троитск ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button