ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНИБОДОМУ АЙНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 августи соли 2024
Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар
Шоми 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:15, ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Дамас», Турсунов Мақсудалӣ Умматалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар шоҳроҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини тамғаи «Тойота-Королла», таҳти идораи Ғафуров Зариф Шарифович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини «Дэу-Дамас», Турсунов М.У. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили мошин Тошпӯлотов Муминҷон Мансурович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Конибодом ва ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Королла», Ғафуров З.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридаанд.
Субҳи барвақти 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 05:20, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Азизов Ҷавшан Шоисматович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ», дар километри 160+200-ум, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳи мазкур баромада, ба кӯҳ бархӯрдааст ва мошинаш дар пайи ин бархӯрд чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Азизов Ҷ.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири мошини мазкур Салимзода Фарҳод, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Норак, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
БАРОИ МАЪЛУМОТ
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

