ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ҲАБСИ БОЗ 4 ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ХУНИНИ “КРОКУС”
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 19 августи соли 2024 дархости тафтишотро дар мавриди тамдиди замони ҳабси боз 4 муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунини шоми 22 марти соли 2024 ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русияро тамдид кард. Дар он ҳамла 145 нафар кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи “Крокус” беш аз 20 нафар дастгир шудаанд, ки аксаран зодагони Тоҷикистонанд.
Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав (“Суды общей юрисдикции города Москвы”) хабар дод, ки додгоҳи Басманний рӯзи 19 август замони ҳабси Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яқубҷони Юсуфзод ва Муҳаммад Шарифзодаро барои боз 3 моҳи дигар, яъне то 22 ноябри соли 2024 тамдид кард. Ин 4 зодаи Тоҷикистон ба кумак расондан ба омилони асосии ҳамлаи “Крокус” айбдор мешаванд.
Додгоҳи ноҳияи Басманний қаблан, рӯзи 16 августи соли 2024 замони ҳабси 4 муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи хунин ба толори консертҳои “Крокус”: Раҷабализода Саидакраму, Файзов Муҳаммадсобир, Фаридуни Шамсиддин ва Далерҷон Мирзоевро низ барои 3 моҳ, яъне то 22 ноябри соли 2024 тамдид карда буд.
Масъулияти ҳамлаи террористии шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорскро созмони террористии “Вилояти Хуросон”, ки пойгоҳҳои асосиаш дар Афғонистон ҷойгир шудаанд ва онро “шуъбаи шарқии ДОИШ” низ меноманд, ба дӯш гирифт. Он шом 4 ҳамлагари мусаллаҳ вориди толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” шуда, издиҳоми тамошобинони ба консерти гуруҳи мусқии роки “Пикник” омадаро хунсардона тирборон карданд. Дар натиҷа, 145 кас кушта шуд.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар робита ба ин ҳамлаи хунин беш аз 20 нафарро дастгир кардаанд. Қариб ҳамаи онҳо, аз ҷумла 4 нафаре, ки тафтишот ҳамлагари асосиашон мешуморад, зодагони Тоҷикистонанд. Мутаассифона, вақтҳои охир зодагони Тоҷикистон ба як нирӯи асосии зарбазан барои ДОИШ ва “Вилояти Хуросон” табдил ёфтаанд ва чандин ҳамлаи охирин ин гуруҳҳои террористӣ дар кишварҳои гуногун бо дасти ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ анҷом дода шуданд.
Чунин иштироки фаъоли ҷангҷӯёни тоҷик дар фаъолияти хатарноктарин гуруҳи террористии ҷаҳони имрӯза боиси хеле шадид шудани муносибати мақомоти амниятии бисёре аз кишварҳо нисбат ба зодагони Тоҷикистон шудааст. Туркия режими бидуни раводид бо Тоҷикистонро комилан бекор кард. Тоҷикҳо дар Аврупо ва ҳатто дар Амрико таҳти заррабин қарор гирифтаанд ва алакай чандин тоҷик дар ин ду қора бо иттиҳоми терроризм дастгир шуда, Амрико дар роҳи вуруди муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ кард.
Аммо аз ҳама зарбаи сахт ба муҳоҷирони тоҷикро, албатта, иштироки тоҷикҳо дар ҳамлаи хунини террористӣ дар Русия зад. Ин кишвар суннатан як бозори асосии кор барои садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, фақиртарин кишвари собиқ СССР ба шумор мерафт. Баъди ҳамлаи “Крокус” тафтиши шаҳрвандони тоҷики синнашон аз 14 то 59 дар марзҳои чӣ заминӣ ва чӣ дар фурудгоҳҳои Русия хеле шадид шуд ва муҳоҷирон мегӯянд, ки ба далели тафтиши телефонҳояшон то чандин соат ва гоҳо ҳатто чанд рӯз дар хатти марз дармемонанд. Муҳоҷирони машкук, бахусус онҳорое, ки риш доранд, ё дар телефонҳояшон мавридҳои сар задани онҳо ба сомонаҳои машкукро ошкор мекунанд, аз ҳамон хатти марз бидуни чуну чаро ба Тоҷикистон пас мефиристанд.
Мавҷи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия имсол хеле афзоиш ёфта, дар 6 моҳ беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2023, аз Русия 11 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуда буд.