ТАФСИЛОТИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ХУРОСОН: МОШИНИ БОРКАШ ЯКБОРА 7 МОШИНРО ПАХШ КАРД (ВИДЕО)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи мудҳиш дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар ҷануби ҷумҳуриро нашр кард.
Бино ба гузориши маркази матбуоти ин ниҳод, нимаи аввали рӯзи 18 августи соли 2024, соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ, як мошини боркаши тамғаи “Hino” таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар дар даромадгоҳи ноҳияи Хуросон ба сабаби аз кор баромадани тормозҳояш аз таҳти идора хориҷ шудаааст ва дар натиҷа, дар инҷо садамаи бузург рух додаааст. Ин мошини боркаш бо суръати баланд ба ҳаракаташ идома дода, якбора 7 мошини дар канори роҳ истодаро пахш кардааст.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт: “Мошини боркаш бо суръати баланд ба дигар мошинҳои дар канори роҳ истода бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини боркашро бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористони ноҳияи Хуросон бистарӣ кардаанд. Дар ин садама боз 8 нафарро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ кардаанд ва як нафари дигар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи садама 7 мошин зарар диданд. Тафтиши ҳодиса идома дорад”.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст.
Рӯзи 18 август шоҳидон хабар доданд, ки дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Хуросон, дар як нуқтае, ки мошинҳои раҳгузар зиёд манъ мекунанд, як мошини боркаше, ки аз тарафи Душанбе меомад, бо суръати баланд чанд мошини дар канори роҳ истодаро пахш кард. Ҳам шоҳидон, ҳам дар милитсияи вилояти Хатлон ва ҳам дар ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфта буданд, ки мутаассифона, бар асари ин ҳодиса куштаву захмиҳо ҳастанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар робита ба ин ҳодиса бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони нафари ҳалокшуда аз ронандагон боисрор хостааст, ки пеш аз баромадан ба сафар ҳолати фаннии мошинҳои худро бодиққат муоина кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро низ қатъиян риоя кунанд.
Ин нахустин садамаи пурқурбонӣ бо иштироки мошинҳои боркаш дар роҳҳои Тоҷикистон нест. Аз ҷумла шаби 6 ба 7 августи соли 2023 бар асари дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба чанд мошин ва хонаҳои мардум бархӯрдани як мошини “Дулан”, ки аз Хитой молҳои канселярӣ меовард, 10 нафар ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.