Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 августи соли 2024 аз ошкор шудани ҳолати тасарруфи маблағҳои буҷавӣ дар ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат ба маблағи қариб 7,6 миллион сомонӣ, ё наздики 700 ҳазор доллари Амрико хабар дод. Агентӣ гуфт, ин маблағи бузургро аз корхона раиси он Ғуломов С.Р. худ ба яғмо бурдааст.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат нишон дод, ки Ғуломов С.Р. зимни фаъолияти кориаш ба ҳайси директори ҳамин ҷамъият қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ давоми солҳои 2021 – 2023 дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи 7 миллиону 580 ҳазору 328 сомонии барои хародии дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногуни барои эҳтиёҷи ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат пешбинишуда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дастгоҳу таҷҳизотҳоро умуман ба завод ворид накарданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”.
Аз маводи парванда бармеояд, ки масъулони ин корхона беинсофона тамоми маблағи бузурги қариб 7,6 миллион сомониро, ки баробари қариб 700 ҳазор доллар аст, ба ҷайби худ задаанд!
Оид ба ин ҳолат нисбати Ғуломов С. Р. ва шариконаш бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245, қисми 4, банди «б» (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқ шудани фикри айбдоркунӣ ин парвандаро ба додгоҳ супурдаанд. Ба онҳо ҳамчун ҷазо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ ё тақрибан 6,5 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба муттаҳамон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ба шумор меравад.Нозирони умур коррупсияро як мониаи ҷиддӣ дар роҳи рушди ин кишвари фақиртарини собиқ СССР ва муборизаи мақомоташ бо ин ваборо нокофӣ медонанд.