ДАР ДУ САДАМА ДАР СУҒДУ ХАТЛОН 4 КАС ҲАЛОК ВА БЕШ АЗ 10 КАС ЗАХМӢ ШУДААНД
ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 17 ва 18 августи соли 2024 дар ду садама дар шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Аз ҷумла 17-уми августи соли 2024, тахминан соати 16:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел Зафира», Ғоибов Ҳоҷиумар Холбоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе¬-Хуҷанд-Чаноқ”, аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Истаравшан дар километри 257-ум ба мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи Боймуродов Хуршед Содиқович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент, ки аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони “Опел”, Саъдуллоев Зикрулло, соли таваллудаш 1971, Исмоилова Матлуба Бобоевна, соли таваллудаш 1971 ва ноболиғ Исмоилов Субҳиддин Сироҷиддинович, соли таваллудаш 2013, сокинони ноҳияи Деваштич дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандагони ҳарду мошин Ғоибов Ҳ.Х. ва Боймуродов Х., инчунин мусофирони “Мерседес-Спринтер”, Саидмуродов Акмал Саидқулович, соли таваллудаш 1982 ва Муҳаммадов Шаҳобиддин Умарович, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Панҷакент бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 10:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ҲИНО”, Рабиев Карим Талабшоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Худойназаров Дилшод Алишерович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе бархӯрда, ҳаракатро давом додааст ва боз ба мошини барқии тамғаи “НЕТО”, таҳти идораи Холзода Исломиддин Абдуҳамид, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Кӯшониён, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мошини “НЕТО” ба сутуни нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориён” бархӯрдааст.
Мошини боркаши тамғаи “ҲИНО” бинобар суръати баланд доштанаш боз ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Исмоилзода Маҳмуд Кенҷа, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрда, сипас ба мошинҳои тамғаи “Ҳундай-Авенто”, таҳти идораи Бобосафари Мирзомаҳмад Бобоҷонзода, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Сафаров Сунатулло Ҷабборович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросон ва “Опел-Астра”, таҳти идораи Шарипов Маҳмадсаид Маҳмадмуродович, соли таваллудаш 1988, ки мошинҳояшон дар канори роҳ қарор доштаанд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини барқии тамғаи “НЕТО”, Расулов Суҳроб Азизхӯҷаевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини “Нето” Холзода Исломиддин ва дигар мусофиронаш: Шукуров Маҳмадамин Назруллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, Исматуллозода Меҳриддин Эмомуддин, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, инчунин ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Аванте” Бобосафари М. бо мусофиронаш Бобоҷонов Зоир Мирмаҳмадович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон ва Бобоҷонзода Зафар Мирмаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳия А.Ҷомӣ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ гардидаанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.