ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

АНҶОМИ БОЗ ЯК ДАВРАИ МУЗОКИРОТИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. БОЗ БЕНАТИҶА?

Кобинаи вазирони Қирғизистон хабар дод, ки аз 11 то 17 августи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории харитасозӣ ва масоили ҳуқуқи ҳайъатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон пиромуни масоили таъйин ва аломатгузории марзи давлатии  байни ин ду кишвар доир шуд. Бино ба иттилоияи расмӣ, “дар чорчӯби ин мулоқот ҷонибҳо баррасӣ ва табодули назарро ҷиҳати ташхиси хатти марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда идома доданд”.

Дар бораи ба тавофуқ даст ёфтан ё наёфтани тарафҳо дар ҷараёни музокироти Бодканд чизе гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт”, “доир ба натиҷаҳои мулоқот протоколи марбута ба имзо расид” ва “тарафҳо корро ҷиҳати ташхиси қитъаҳои боқимондаи марз дар мулоқоти оянда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, идома хоҳанд дод”.

Маъмулан дар сурати даст ёфтан ба ягон тавофуқ, тарафҳо, албатта, бидуни ироаи ҷузъиёт, хабар медоданд, ки оё ин дафъа дар ҷараёни музокирот боз чанд километри дигари марзро мушаххас кардаанд. Вале дастикам аз моҳи апрели соли 2024 ба ин тараф, инак 4 моҳ боз, дар пайи анҷоми чандин даври музокирот, Душанбеву Бишкек аз ягон пешравии ҷадид дар амри ташхиси хатти марз хабар надодаанд.

Моҳи июли соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон дар бораи то имрӯз мушаххас шудани 94%, ё 928 километр аз 987 километри марз бо Қирғизистон хабар дода буд. Вале дар бораи мушаххас шудани 928 километри марз ҷонибҳо ҳанӯз моҳи апрел гузориш дода буданд.

Бо ин вуҷуд, тарафҳо ба дурнамои ҳалли масоили марзӣ аз роҳи музокирот хушбинона нигоҳ мекунанд. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт, музокирот фаъолона идома дорад.

“Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли 2024 дувоздаҳ бор мулоқот карданд. Пешравии чашмрас ҳосил шуд. Дар ин муддат 82,3 километр хатти сарҳад муайян карда шуд”, – хабар дода буд Ориф Хоҷазода.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ моҳи июл хушбинона гуфта буд, ки “комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад” ва марзи байни ду кишвар боз хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 хушбинона изҳор дошта буд, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки созишномаи  ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли 2024 ба имзо мерасад.

 Вале ҷараёни музокироти баъдӣ ва то ҳол машаххасношуда боқӣ мондани 58 километри марз нишон дод, ки Душанбеву Бишкек нафақат дар баҳор, балки дар тобистони соли 2024 низ натавонистанд раванди музокироти марзиро ниҳоӣ кунанд.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар байни чанд моҳи аввал ду ҷониб тавонистанд беш аз 230 километр қитъаҳои баҳсии марзашонро мушаххас кунанд.

Ҳарду ҷониб аз гуфтани ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ мекунанд. Махфӣ гузаштани музокироти марзӣ мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то як соли пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин даргирӣдар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъде ки хатари коронавирус аз байн рафту вале марз ҳамунон баста боқӣ монд, роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button