ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯК КУШТА ВА ТО 10 ЗАХМӢ ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки корбарон бо фиристодани чанд навор “даҳшатбор” тасвир карданд, ба иттилои расмӣ, “як кас ҷон бохта, маҷруҳон низ ҳастанд.” Ҳодиса рӯзи 18-уми августи соли 2024 рӯй дод. Сабаби садама ва зиёни расида аз он пурра ҳисоб нашудааст.

Бино ба навори фиристодаи корбарон, рӯзи 18 август як “Дулан” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба чанд мошин бархӯрдааст.

“Дулан” аз тарафи Душанбе омадааст. Дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як мошинро зада, сипас ба чанд мошини дигар бархӯрд”, – гуфт яке аз корбарон.

Дар наворҳо дида мешавад, ки мошини “Дулан” дар роҳ чаппа шудааст ва чанд худрав аз пешу паҳлӯ осеб дидаанд. Баъзе аз маҷруҳон дар канори роҳ истодаанд ва бархеро ба мошинҳо савор карда, ба бемористон мебаранд.

Навбатдори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон баъд аз зуҳри 18-уми август хабари садамаи нақлиётиро дар ноҳияи Хуросон тасдиқ кард. Вай дар тамоси телефонӣ гуфт, “як нафар ҷон бохтааст ва маҷруҳон низ ҳастанд”, аммо маълумоти дақиқ надод.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ҳодиса дар маркази ноҳия шудааст. Дар ҷое, ки мошинҳо зиёд меистанд. “Тибқи маълумоти ибтидоӣ, як нафар ба ҳалокат расида, тахминан даҳ нафар ҷароҳат бардоштанд. Тафсилоти ҳодисаро БДА шарҳ медиҳад,” — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо

Ин нахустин садамаи пурқурбонӣ бо иштироки мошинҳои боркаши “Дулан” дар роҳҳои Тоҷикистон нест. Аз ҷумла шаби 7 августи соли 2023 бар асари дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба чанд мошин ва хонаҳои мардум бархӯрдани як мошини “Дулан”, ки аз Хитой молҳои канселярӣ меовард, 10 нафар ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон  дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button