ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

МУҶОЗОТИ БЛОГЕР “МАРЯМ” (РУҚИЯ ХОҶИМУРОДОВА) БАРОИ НАШРИ АКСУ ВИДЕОҲОИ НИМАУРЁН

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18 августи соли 2024 аз боздошти боз як ҷавонзани блогер барои нашри расму видеоҳои зиддиахлоқӣ хабар дод.

Милитсия гуфт, ҳарчанд шабакаҳои иҷтимоӣ василаи хубе барои муоширати маҷозист, аммо баъзе аз шаҳрвандон бо мақсадҳои ғаразнок аз он сӯиистифода намуда, расму наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн месозанд.

Аз ҷумла, шаҳрванд Ҳоҷимуродова Руқия, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, бо номи мустаъори “Марям” дар “Инстаграм” ва “Фейсбук” саҳифаи худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ, мунтазам расму наворҳои нимурёну ғайриахлоқиро паҳн мекардааст. Милитсия бо нашри чанд акси ин ба ном блогер гуфт гуфт, “ин ду расме, ки нашр мегарданд, намунаи ночизе аз расму наворҳои паҳнкардаи ӯст”.

Вобаста ба ин, нисбат ба номбурда, маводи зарурӣ тартиб дода шуда, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуд.

Дар бораи инки ин ба ном блогерро мушаххасан чӣ ҷазо додаанд?, дар хабар чизе гуфта нашудааст. Қаблан чанд блогери дигарро дар пойтахти Тоҷикистон барои айни чунин аъмол ё ҷарима мебастанд ваё то чанд шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ мекашонданд.

Милитсияи Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон хостааст, ки зимни истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ одоб ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд, зеро ҳар амале дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button