ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ САДАМ ҲУСЕЙН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ РОНДАНИ МОШИН БО СУРЪАТИ БАЛАНДИ 166 КМ/СОАТ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 17 августи соли 2024 хабар дод, ки сокини 21-солаи пойтахти Тоҷикистон Исматзода Садам Ҳусейнро барои бо суръати беҳад баланди то 166 км/соат рондани мошини “Порше”-аш дастгир ва муҷозот кардаанд.

Милитсия Душанбе гуфт, бо мақсади худнамоӣ ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ намудани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ, хилофи қонунгузорист.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, шаҳрванд Исматзода Садам Ҳусейн, санаи таваллудаш 05.04.2003, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Порше», рақамҳои қайди давлатиаш 09 11 RR 01, мошини худро бо суръати баланд идора намуда, ҳамзамон ин кирдори худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ки боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Аз ҷониби милитсияи пойтахт ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, Исматзода Садам Ҳусейн ва мошини ӯ ба милитсия дастрас карда шуд.

Худи Садам Ҳусейн ё наздиконашон барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд. Вале дар видеои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки ӯ дар яке аз хиёбонҳои пойтахт суръати мошинашро то 166 км/соат боло мебарад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳудуди шаҳр бо суръати аз 50 км/соат баландтар рондани воситаҳои нақлиёт мамнӯъ мебошад.

Вобаста ба ин ҳолат, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаҳои 324 ва 325 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима баста шуд. _______________________________

Моддаи 324 барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамчун ҷазо  ҷарима ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад. Моддаи 325 барои риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро муқаррар карда шудааст. Барои соли 2024 андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ муқаррар гардидааст ва ба ин тартиб, ҳаҷми ҷаримаи Саддом Ҳусейн Исматзода метавонист аз 72 то ҳадди аксар 504 сомониро ташкил бидиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button