ШИКОРИ “ҶИН” ДАР ВАҲДАТ”: “ҶИН” БУД ИН Ё ҶАВОНИ АФРИҚОИТАБОР? (ВИДЕО)
Дар Интернет видеои “боздошти ҷин дар Ваҳдат” сарусадои зиёд ба по кардааст. Муаллифи видео менависад, ки “ҷин” гӯё 3 шабонарӯз боз ҳамаро метарсонд ва мардуми Ваҳдат шабҳо хоб надоштанд. Аммо тавре ба назар мерасад, шикори гӯё “ҷин” дар Ваҳдат бо боздошти як ҷавони машкуки сиёҳпӯст анҷом ёфтааст.
Дар видеои нашршуда, дар дохили як мошин ҷавони сиёҳпӯсти зоҳиран африқоитаборе дида мешавад, ки мардумро ҳангоми ҷустуҷӯи “ҷин” ӯро дар Ваҳдат дастгир кардаанд. Маълум нест, ки ӯ кай ва мушаххасан дар кадом гӯшаи шаҳри Ваҳдат ё деҳоти атрофи он дастгир шудааст?
Дар видео ду нафар бо пироҳанги рангаш сафеди милисагӣ низ дида мешаванд, ки якеаш дастгиршударо ба мошин савор карда истодааст ва дуюмӣ дар дасташ як зарфи об дар паҳлуи дастгиршуда дар мошин нишастааст. Вале мақомоти милитсияи шаҳри Ваҳдат ва ВКД Тоҷикистон то кунун дар бораи боздошти ин ҷавони сиёҳпӯсти зоҳиран африқоитабор, ки бархе ӯро “ҷин” гумон кардаанд, ягон шарҳ надодаанд.
Корбарон менависанд, се шабонарӯз боз пайдо шудани шабаҳи ношиносе дар Ваҳдат мардумро сахт тарсонда буд ва мардум дар деҳаҳо шабҳо ҳатто навбатдорӣ ташкил карда буданд.
Вақтҳои охир дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар Исфараву Конибодом ва Панҷакент, низ овозаҳо дар бораи пайдо шудани шабаҳҳои машкук ваё афроде, ки гӯё худро кормандони мақомот вонамуд карда, ба хонаҳои мардум ҳамла мекунанд, паҳн шуда буд. Вале дар Ваҳдат овоза дар бораи пайдо шудани гӯё “ҷин” мардумро чанд рӯз боз безобита карда буд.