ВидеоФарҳангҲодиса

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ЗАУР ДАХТЕ ДАР РОҲИ ДАРАИ ВАРЗОБ

ВКД Тоҷикистон тафсилоти садамаи марговар дар роҳи дараи Варзобро, ки боиси ҳалокати аксбардор ва филмбардори маъруф Заур Дахте шуд, нашр кард.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД, 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб мошини тамғаи “Опел-Караван”, таҳти идораи ронанда Дахте Заур Рустамович, соли таваллудаш 1936, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи “Мерседес”, таҳти идораи ронанда Хоҷаев Носир Иноятович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Караван” Дахте З.Р. дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва мусофиронаш Дахте Валия Бахшалиевна, соли таваллудаш 1944, Дахте Наргис Зауровна,  соли таваллудаш 1973 ва Дахте Рауф Норималиевич, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки баракс мошини боркаш аз қафо ба мошини Дахте бархӯрдааст.

Заур Дахтеро рӯзи 16 август,  тибқи васияташ, дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дар паҳлуи падараш Рустам Дахте ба хок супурданд.

Ҳарчанд асли Заур Дахте эронист, вале ӯ 18 августи соли 1936 дар ҷумҳурии Доғистони Русия ба дунё омадааст. Бино ба нақли худаш, соли 1937 падару модарашро дар Доғистон ба далели эронӣ буданашон таҳти таънаву маломат ва ҳатто таъқиб қарор доданд ва онҳо ба Эрон кӯчиданд. Аммо дар Эрон ин хонавода ба сабаби пайравиаш аз ҳизби Тӯда (коммунистҳои эронӣ) таҳти таъқиб қарор гирифт. Заур Дахте то соли 1951 дар Эрон ба сар бурд  ва сипас ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, як муддат дар Туркманистону сипас дар як мактаб дар шаҳри Душанбе ва ниҳоятан дар як интернати байналмилалӣ дар шаҳри Ивановои Русия таҳсил кард.

Заур Дахте баъди хатми мактаби миёна ба ВГИК, муътабартарин донишкадаи синамои Шӯравӣ дар шаҳри Маскав дохил шуд ва соли 1966, бо хатми ин донишкада ба Тоҷикистон омад ва дар “Тоҷикфилм” ба ҳайси корбардор ба фаъолияти эҷодӣ пардохт.

Кори дипломии Заур Дахте дар ВГИК филми “Лола” буд, ки ӯ бар асоси як ҳикояи адибир машҳури эронӣ Содиқ Ҳидоят рӯи навор овард.

Дар “ Тоҷикфилм” Дахте ба ҳайси филмбардор дар таҳияи чандин филми шоҳкор, аз ҷумла филми пурраметражи «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968, коргардон Суҳбат Ҳамидов),  филмҳои  “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Достони Рустам” ва “Рустам ва Сӯҳроб”аз Борис Кимиёгаров, силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон Марворид Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон Муқаддас Маҳмудов), ҳамчунин дар таҳияи даҳҳо филми мустанад иштирок кардааст.

Бино ба хабари дигари ВКД, субҳи ҳамон рӯзи 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи ”Ҳундай-Портер”, Фатҳуддинов Даврон, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Балх аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти бозори “Балх”-и шаҳри Душанбе дар чорроҳаи кӯчаи Балх – Арбобхотун, дучархарон Раупов Ҳалим Қаюмович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.  Дар натиҷа, дучархарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардидааст, вале пас аз чанде дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон  дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button