Хабарҳои кӯтоҳ

ГАРДАНАШРО БӮҒӢ КАРД… 2 ҒОРАТГАРӢ ДАР ДУШАНБЕВУ КӮЛОБ, 2 ДУЗДӢ ДАР ХУҶАНД ВА БОЗОРИ “АТУШ” ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 августи соли 2024

Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 14-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе шахсони номаълум бе ягон асос бо ӯ муноқиша намуда, аз гарданаш ӯро бӯғӣ карда, бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 35 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд. 
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 7-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 22:00 ба 23:00 дар назди ҶДММ “Ғайрат”-и шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш шахсони номаълум бо тариқи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «ТЕКНО-СПАРК-20», ки арзишаш 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суд шудааст, содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 13-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00 дар бозори «Атуш»-и ҳамин ноҳия бо мақсади дуздӣ бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдони зани 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷавоҳироти тиллоиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 5 ҳазору 340 сомонӣ зарар расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Деваштич 11-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо мақсади дуздӣ ба хонаи истиқоматии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз хоб будани соҳибхона истифода бурда, аз он ҷо 1-адад ҷузвдон, ки дар дохилаш 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба автомашина ва масолеҳи сохтмонӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдаки бо гумони содир намудани кирдори  қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Номбурда моҳи майи соли 2023 дар худуди ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе  даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-RХ», соли бароришаш 2011 ва 2-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Приус»-ро ҷамъ ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ маблағи автомобилҳоро пардохт мекунад, аммо гумонбаршаванда то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ба боварии марди 51-солаи сокини ноҳияи Ашт даромада, аввалҳои моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонии шифер маблағи 161 ҳазору 904 сомонӣ гирифта, маблағҳои ба дастовардашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button