ОШКОР ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ЯК ҶОДУГАР АЗ БАНГЛАДЕШ ДАР … ДЕҲАИ ТАНГАӢ ДАР КАНОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ (ВИДЕО)

Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванди Бангладеш Ҳусейн Абдурозиқ бо иттиҳоми соҳирӣ хабар дод.
Ҳусейн Абдурозиқ, ки муваққатан дар деҳаи Тангаӣ дар канори шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ мекард, чанд муддат боз дар байни мизоҷонаш ҳамчун сеҳргари беҳамто ном бароварда, гӯё ба воситаи ашёи гуногун қодир ба гарм ё хунук кардани муносибатҳои байни одамон будааст. Ӯ ҳамчунин бо истифода аз ҳар гуна гиёҳҳо ва асбоби карахт фолбинӣ ва бахткушоӣ мекардаааст.
Дар гузорише, ки шоми 15 августи соли 2024 дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, ин аъмоли Ҳусейн Абдурозиқро “мардумфиребӣ” унвон карданд.
Гуфта мешавад, кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ВКД кирдори мардумфиребонаи ин шаҳрванди Бангладешро ошкор карда, ҳангоми аз назар гузарондани манзили истиқимоматияш як миқдор гиёҳҳое, ки ӯ дар кори худ истифода мекард, ёфт ва мусодира карда шудааст.
Ҳусейн Абдурозиқ ҳангоми боздошташ дар мисоли яке аз кормандони милитсия “ҳунар”-и худро ба намоиш гузошта, бо доштан аз як дасти ӯ дар баданаш як силсила бемориҳо, аз ҷумла дарди ҷигар, дарди зону, хунук гирифтани пешобдон ва боз чанди бемории дигарро ошкор кард. Вале ӯ гуфт, дар айни замон гуфт, ки дилу шушу ҷигари ин мард хуб аст ва ягон мушкил надорад. Маълум нашуд, ки оё ин “ташхис” воқеият дошт ё бофтаи хаёли Ҳусейн Абдурозиқ буд?
Дар бораи чӣ гуна аз Бангладеш ба Тоҷикистон омадану дар деҳаи Тангаӣ муқим шудани Ҳусейн Абдурозиқ дар гузориши ВКД ягон тафсилот дода нашудааст.
Нисбат ба ин шаҳрванди Бангладеш бар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” протокол тартиб дода, Ҳусейн Абдурозиқро ҷарима бастаанд. Ин банди қонун баъди тағйироти тоза моҳи июни соли 2024 ба он воридшуда ҳамчун ҷазо барои фолбинию ҷодугарӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 5760 то 7200 сомонӣ, яъне аз 525 доллар то 650 доллар) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯзро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин тараф маъракаи густардаеро ба зидди фолбинҳо, ҷодугарон ва дуохонҳову ҷинбарорҳо ба роҳ андохта, дар ин ним соли гузашта садҳо нафарро дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо чунин иттиҳом дастгир кардааст. Сокинон мегӯянд, як бахши муҷозотшудагон аз идомаи ин пеша даст кашидаанд, аммо қисми дигар ба ин кор идома медиҳанд, албатта, ба таври пинҳонӣ ва бо эҳтиёти хеле зиёдтар, то ки дигарбора ба даст наафтанд.