ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ, ВАЗОРАТИ МУДОФИА, ВКД, “БАРҚИ ТОҶИК” ВА ЧАНД ИДОРАИ ДИГАР (7 AKC)

Рӯзи 16 августи соли 2024 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, дастгоҳи иҷроияи президент ва ширкати ҶСК “Барқи Тоҷик” як силсила тағйироти кадрӣ ба  амал овард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент ва қарорҳои ҳукумат, Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода ба вазифаҳои масъул дар ҳайати фармондеҳии вазорати мудофиа ва Нуралӣ Асозода муовини якуми вазири кишоварзӣ таъйин карда шуданд. Ҳамчунин бо амри президент, Маҳмуд Ҷумъазода мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин гардидааст. Вале тағйироти кадрии аз ҳама бештар дар дастгоҳи иҷроияи президент сурат гирифтааст. Бо амрҳои президент,

  1. Салим Салимзода ба мақоми сардори раёсати кишоварзӣ,
  2. Зулфия Давлатзода (собиқ вазири фарҳанг) сардори раёсати рушди иҷтимоӣ,
  3. Маҳмуд Амирзода сардори раёсати рушди инфрасохтор ва
  4. Тоҷиддин Раҳимзода муовини сардори ин раёсат,
  5. Сайазам Қодирзода сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим,
  6. Хуршед Арабзода сардори корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ” ва
  7. Фарҳод Собирзода мудири корхонаи воҳиди давлатии маҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод”-и дастгоҳи иҷроияи президент таъйин гардида, дар айни замон, “бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хидмати давлатӣ
  8. Одинашоҳ Вализода аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва
  9. Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуданд.

Ҳамин тавр, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, дар мувофиқа бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва мудири гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби “кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ” таъйин карда шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйиншуда Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хидмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои мусаллаҳ даъват кардааст.

Дар Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияву вилоятҳояш таъйини раҳбарони аввал ва муовинҳо дар аксари вазорату идораҳои давлатӣ бо имзои бевоситаи президент ваё дар мувофиқа бо ӯ сурат мегирад. Мунтақидон бар инанд, ки чунин шеваи сиёсати кадрӣ деги коррупсияро барои афроди наздик ба марказҳои тасмимгирӣ метасфонад.

Тағйироти кадрӣ 16.08.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button