ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ 2 РОНАНДА ДАР 2 САДАМА ДАР ДАНҒАРАВУ МОСКВА ВА ДУЗДИИ 160 ҲАЗОР АЗ СӮИ ЗАН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 августи соли 2024

Ҳалокати ду ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ  

14-уми августи соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Боев Файзиддин Ниёзмаҳмадович, соли таваллудаш 1990,  сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Раҳимов Наимулло Мироҷович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Н.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Боев Ф.Н. ва 5 нафар мусофирон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
13-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдурасулов Баҳодур Қурбонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Барқчиён ба самти кӯчаи Лаби Дарёи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё афтида, ғарқ шудааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда Абдурасулов Б.Қ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон  дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Даст ба дуздӣ задани зани 39-сола    

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 12-уми августи соли 2024 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 64-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 160 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button