ДАРГУЗАШТИ САРТАБИБИ СОБИҚИ БЕМОРХОНАИ ҚАРИЯИ БОЛО АБДУЛЛО ПИРОВ
Абдулло Пиров, доктори илми тибб, собиқ сардухтури беморхонаи Қарияи Боло рӯзи 16 августи соли 2024 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” дар Фейсбук хабар дод. Дар бораи иллати марги Абдулло Пиров чизе гуфта нашудааст.
Сайёфи Мизроб хабар дод, ки маросими видоъ бо доктори хушном дар маҳаллаи Балх, намози ҷанозааш дар масҷиди “Қатар” ва маросими дафни Абдулло Пиров дар зодгоҳаш ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик доир мешавад.
Даҳҳо нафар дар зери хабари марги Абдулло Пиров изҳори таслият карда, барои пайвандонаш сабри ҷамил ва барои равони доктори хушном охирати ободро дуо кардаанд. Аксарият ӯро ҳамчун табиби ҳозиқ ва инсони софдилу накӯкор тавсиф кардаанд.
Аз ҷумла донишманди шинохта Абдунабӣ Сатторзода навиштааст: “Худованд биомурзад ӯро. Солҳо пеш мешинохтам. Замоне, ки дар Данғара духтур буд. Бо бародари раҳматиаш Саъдулло Пиров дӯст будем”.
“Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб менависад:
Ҳар кӣ омад, бори худро басту рафт,
Ин ҷаҳон бар кас намонад ҷовидон.
Одами хубу табиби донишманд ва роҳбари кордон буданд.
Худованд гӯшае аз боғи ҷаннатро насибаш гардонад”.
Ва Ширинбекзода Садриддини Авазбек аз марҳум бо чунин сатрҳо зикри хайр кардааст: “Ба бародаронам, акаи Суҳроб, Тоҷиддин, Файзиддин ва Шамсиддин ҳамдардии амиқи аҳли хонаводаамро мерасонам.
Амаки Абдулло Пиров бо накутарин хислатҳои инсонӣ, раҳму шавқат, ҳақшиносию ҳадшиносӣ, заҳматпешагию ростқавлӣ, фазилату фаросат абадан дар хотираи мо ба неки хоҳад монд. Ҷойгоҳатон биҳишт бод!
Ёдашон ҳамеша гиромӣ аст!”
Абдулло Пиров соли 1948 дар Кангурт ба дунё омада, Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Абдулло Пиров солҳои зиёд дар низоми тандурустии ноҳияи Данғара ва сипас дар Душанбе ба мардум хидмат кард ва,дар баробари ин фаъолияти илмӣ низ дошт.
Абдулло Пиров соли 2005 дар Маскав дар мавзӯи “Вижагиҳои паҳншавии вируси табларзаи хунчакони Қриму Конго дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (“Особенности циркуляции вируса Крымской – Конго геморрагической лихорадки (К-КГЛ) в Республике Таджикистан”) рисолаи номзадӣ ва баъдан боз ҳам дар ҳамин мавзӯи роҳҳои табобати табларза рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Ин навъи табларзаро табибон табларзаи Осиёи Миёна низ меноманд ва онбо заҳролудшавӣ (интоксикатсия), пайдо шудани обилаҳои хунчакон дар пӯсти инсон ва хунравии узвҳои даруна фарқ мекунад.
Абдулло Пиров дар аввали солҳои 2000 сартабиби беморхонаи машҳур дар маҳаллаи Қарияи болоии Душанбе таъйин шуд ва то соли 2011 дар ин мақом кор кард. Ин бемористон дар замони раҳбарии доктор Пиров ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” табдили ном кард. Моҳи июли соли 2011 Абдулло Пиров ба нафақа рафт ва ба ҷои ӯ Абдукарим Шехов, собиқ сардори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои сил сартабиби “Шифобахш” таъйин шуд.