ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ МАСТ ҲАНГОМИ РОНДАНИ “БМВ” БО РАҚАМҲОИ ВОҲИМАИ 99 99 TV 01

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16 августи соли 2024 дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошт ва қариб 2 ҳазор доллар ҷарима шудану барои 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардани як зани ронанда хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони мошини “БМВ” бо рақамҳои воҳимаи 99 99 TV 01 нишастааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, Қаюмова Лайло Мамадсафаровна, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 99 99 TV 01, аз ҷониби кормандони бозрасӣ (БДА), барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боздошт карда шуд.

Нисбат ба Лайло Қаюмова тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Вобаста ба ин аз ҷониби додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 600 сомонӣ (қариб 2 ҳазор доллар) таъйин гардид. Қаюмова Лайло ҳамчунин барои 5 соли оянда аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд.

Ин нахустин мавриди дар ҳолати мастӣ ба даст афтодани занон дар пойтахти Тоҷикистон нест.

Як мавриди пурсарусадо боздошти овозхони 28-солаи тоҷик Ҳабиба Бозорова, маъруф бо тахаллуси Осия, дар моҳи июл буд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 июли соли 2024 хабар дод, аз ҷониби кормандони бозрасӣ (БДА) мошини тамғаи “Рейнҷ Ровер”, рақамҳои қайди давлатиаш 53 28 МН 01 боздошт карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, ӯ дидаву дониста идораи мошинро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор кардааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба Бозорова Ҳабиба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ , ё қариб 2 ҳазор доллар таъйин гардида, Баракати Салим ба 15  шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Осия ҳамон вақт дар мусоҳиба бо нашрияи “Оила”аз ҷониби кормандони БДА  ҷарима шуданаш ба маблағи 21 ҳазору 600 сомониро тасдиқ кард ва гуфт, маблағи ҷаримаро алакай пурра пардохт кардааст. Осия гуфт, ҳодиса рӯзи 19 июл дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ӯ инро ҳам шарҳ дод, ки чаро рондани мошинашро ба каси дигар бовар кард?

“Азбаски ман маст будам, нахостам, ки қонунро вайрон кунам. Бино бар ин, идораи воситаи нақлиётамро ба ихтиёри дӯстам гузоштам, вале намедонистам, ки ӯ ҳам дар ҳолати мастӣ қарор доштааст”, – гуфтааст Осия.

Бисёриҳо навиштаанд, ки ин қазия ҳамон мисраи машҳури “Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?”-ро ба ёд меорад.

Ҳабиба Бозорова 29 майи соли 1996 дар шаҳри Бохтар ба дунё омада, баъди ҷудо шудан аз шавҳар се духтари хурдсолашро ба танҳоӣ тарбия мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button