ҲодисаҶомеа

 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ БЛОГЕР МАТИН ПИРЗОДА БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ВИДЕОҲОИ БАДНОМКУНАНДА

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 16 августи соли 2024 хабар дод, ки блогер Матин Пирзода ба мақсади зиёд кардани шумораи обуначиёнаш дар Интернет ба таҳияи наворҳои бадномкунанда машғул шуда, барои ин аъмоли номатлубаш дастгир ва ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Милитсияи Хатлон гуфт, мутаассифона, бархе блогерҳо, бо вуҷуди онки маълумоти ҳирфаии журналистӣ ва фаннӣ надоранд,  аз имконоти фанновариҳои муосир бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои пулӣ, зиёд намудани  шумораи обуначиён истифода мебаранд ва дар наворҳои худ бо вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи касбии журналистӣ шаъну шарафи шаҳрвандонро паст мезананд.

Аз ҷумла рӯзи 15 август дар чанд шабакаи иҷтимоӣ аз ҷониби блогер бо номи Матин Пирзода наворе нашр шуд, ки ба далели паст задани шаъну шарафи духтарону писарон мавриди интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Ин навор боиси муроҷиати занону духтарони таҳқиршуда ба раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гардид, ки хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати Матин Пирзода барои пахши наворҳои бадномкунанда дар шабакаи Интернет шудаанд.

Кормандони милитсияи вилояти Хатлон муроҷиат ва шикояти занонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ба истилоҳ блогерро ошкор ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.

Номбурда дар асл Салимов Субҳон Мирзошарифович, санаи таваллудаш 27.09.1996, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Заргар дар канори шаҳри Ваҳдат,  буда, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки фаъолияти блогериро бо тахаллуси Матин Пирзода пешбарӣ ва бо мақсади зиёд намудани сафи тарафдорони худ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таҳияи наворҳои бадномкунанда нисбати занону духтарон машғул шудааст.

Дар натиҷа нисбат ба блогери дастгиршуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ тартиб дода шуда, нисбаташ дар асоси қарори додгоҳи шаҳри Бохтар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Таҳқиқи пойгоҳи хабарии “Бомдод” нишон дод, ки Матин Пирзода дар саҳифааш дар Инстаграм беш аз 18 ҳазор обуначӣ доштааст, вале ин саҳифааш алакай масдуд шудааст. Аммо шуморе аз видеоҳои ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук ҳанӯз боқӣ мондаанд.

Матин Пирзода дар ин наворҳо, ки аксаран дар шаҳри Бохтар сабт шудаанд, асосан аз паси духтарон меравад ва аз онҳо рақами телефонашонро мепурсад.  Ӯ ҳамин тавр, духтаронеро, ки аз суҳбат бо ӯ сар мепечанд, ё рақами телефонашонро намедиҳанд, айбдор мекунад, ки барои танфурӯшӣ ба ин шаҳр омадаанд.  Дар як навори дигар Матин Пирзода ду писари наврасро, ки дӯстона дастонашон дар китфҳои якдигар гузошта, рафта истодаанд, айбдор мекунад, ки онҳо “голубой”, яъне ҳамҷинсгароянд. Қисми дигари наворҳои Матин Пирзода сабти садоии суҳбатҳои телефониаш бо духтарони гуногун аст ва аз бархе сабтҳо бармеояд, ки онҳо дар ивази ваъдаи инки дар бораашон навор паҳн намекунад, ба ин блогер пул гузарондаанд. Яке аз ин духтарон блогерро гунаҳкор ҳам мекунад, ки “пули гуфтагиатро додам, вале боз номардӣ кардиву паҳн кардӣ навори маро…”

Ӯ ҳамчунин мастҳои дар кӯчаву боғҳои Бохтар хобидаро ба навор мегирифт ва нашр мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button