ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ ЯК КИЛО НОС АЗ МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ СУРГУТ (АКС+ИНФОГРАФИКА)

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи шаҳри Сургут дар шимоли Русия аз бағочи мусофире, ки аз Тоҷикистон омада буд, як кило нос ёфтаанд. Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Тюмен рӯзи 14 августи соли 2024 хабар дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон як кило носро дар ду халта дар даруни ҷомадонаш ҷой карда, бепарво аз роҳрави сабзи боҷхонаи фурудгоҳи Сургут гузаштанӣ буд. Аммо ҳангоми тафтиши бағочи мусофирон кормандони боҷхона ӯро манъ кардаанд, зеро носи бо худ овардаи ин мусофири тоҷик назар ба меъёр 4 маротиба бештар будааст.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори боҷхонаи Сургут Юрий Абрамович гуфт, шаҳрвандони аз 18 боло ба хотири истифодаи худ метавоннад ҳадди аксар то 250 грамм маҳсулоти тамокуро вориди қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) кунанд.

 “Тибқи қоидаҳои ҷорӣ, шаҳрвандони аз 18 боло метавонанд ба қаламрави ЕАЭС барои истифодаи шахсӣ  на бештар аз 250 грамм маҳсулоти тамоку, ба мисли сигарету сигор, тамоку, қалён ва дигар навъҳои тамоку)-ро ворид кунанд. Ворид кардани тамокуи аз ин бештар мамнӯъ аст. Носи ёфтшуда гирифта шуда, нисбат ба қонуншикан парвандаи қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба ӯ ҷарима ва мусодираи носи аз ӯ гирифташуда таҳдид мекунад”,  — гуфт Юрий Абрамович.

Ӯ афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз чунин паёмадҳои ногувор, шаҳрвандон бояд қоидаҳои ворид кардани молу маҳсулотро, ки дар сомонаи Хадамоти гумруки Русия ва ҳамчунин дар стендҳои иттилоотӣ дар фурудгоҳҳо дарҷ шудаанд,  мутолиа кунанд.

Дар 7 моҳи аввали соли 2024 кормандони боҷхонаи минтақаи Тюмен дар фурудгоҳҳои байналмилалии ин вилоят дар шаҳрҳои Сургут, Нижневартовск ва Тюмен алакай 84 кило дарёфт ва мусодира карда, нисбат ба қонуншиканҳо 113 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Аз ин 113 носкаш дар умум 52 ҳазор рубл ҷарима ситонида шудааст.

Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст.

Зоҳиран баъди дидани чунин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи аз 250 грамм бештар барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) манъ карда шудааст.

Инфографикаи боҷхонаи минтақаи Тюмен

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button