ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ АКСБАРДОРУ ФИЛМБАРДОРИ ШУҲРАТЁР ЗАУР ДАХТЕ

Заур Дахте, филмбардор ва аксарбардори машҳур, рӯзи 15 августи соли 2024,  ҳамагӣ 3 рӯз қабл аз зодрӯзи 88-умаш дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ҷони худро аз даст дод.

Ба гуфтаи наздиконаш, ба мошине, ки Заур Дахте ронандагӣ мекард, аз қафо як мошини боркаш бархӯрдааст ва филмбардори номдор аз сараш ҷароҳати вазнин бардошта буданд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва духтари Заур Дахте, ки тоза аз шаҳри Маскав барои таҷлили зодрӯзи ӯ омада буданд, дар ин садама ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, вале зинда мондаанд.

Наздиконаш гуфтанд, ки Заур Дахте бо аҳли хонаводааш барои истироҳат ба Варзоб мерафт.

Маросими видоъ бо Заур Дахте рӯзи 16 август, соати 12  дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум, 73/3 баргузор мешавад ва сипас, ӯро, тибқи васияташ, дар оромгоҳи Сариосиё дар паҳлуи падараш Рустам Дахте ба хок месупоранд.

Ҳарчанд асли Заур Дахте эронист, вале ӯ 18 августи соли 1936 дар ҷумҳурии Доғистони Русия ба дунё омадааст. Бино ба нақли худаш, соли 1937 падару модарашро дар Доғистон ба далели эронӣ буданашон таҳти таънаву маломат ва ҳатто таъқиб қарор доданд ва онҳо ба Эрон кӯчиданд. Заур Дахте  то соли 1951 дар Эрон ба сар бурд  ва сипас ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, як муддат дар Туркманистону сипас дар як мактаб дар шаҳри Душанбе ва ниҳоятан дар як интернати байналмилалӣ дар шаҳри Ивановои Русия таҳсил кард.

Заур Дахте баъди хатми мактаби миёна ба ВГИК, муътабартарин донишкадаи синамои Шӯравӣ дар шаҳри Маскав дохил шуд ва соли 1966, бо хатми ин донишкада ба Тоҷикистон омад ва дар “Тоҷикфилм” ба ҳайси корбардор ба фаъолияти эҷодӣ пардохт.

Кори дипломии Заур Дахте дар ВГИК филми “Лола” буд, ки ӯ бар асоси як ҳикояи адибир машҳури эронӣ Содиқ Ҳидоят рӯи навор овард.

Дар “ Тоҷикфилм” Дахте ба ҳайси филмбардор дар таҳияи чандин филми шоҳкор, аз ҷумла филми пурраметражи «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968, коргардон Суҳбат Ҳамидов),  филмҳои “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Достони Рустам” ва “Рустам ва Сӯҳроб” аз Борис Кимиёгаров, силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон Марворид Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон Муқаддас Маҳмудов), ҳамчунин дар таҳияи даҳҳо филми мустанад иштирок кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button